Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди вазорати корҳои дохилӣ бо иттиҳоми гирифтани пора хабар дод. Ба қавли манбаъ, гумонбарон Зебуниссо Исматшозода, сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи вазорати корҳои дохилӣ ва корманди дигари ҳамин ниҳод Қумригули Раҷаб бо гумони содир кардани ҷиноят боздошт шудаанд. Боздоштшудаҳо барои аз бойгонии маълумотии вазорати корҳои дохилӣ тоза кардани иттилоъ дар бораи доғи судии як шаҳрванд аз ӯ 1200 доллари амрикоӣ хостаанд ва 10-уми сентябри соли 2020 ҳангоми гирифтани маблағи мазкур дастгир гардиданд. Дар нисбати ин ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Назари гумонбарон ба иттиҳоми эълоншуда дар нисбаташон дастрас нест.