Дар як пажӯҳиш дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ, 81 дарсади занону духтарони пурсидашуда гуфтаанд, ки дар таксӣ бо озору хушунат рӯ ба рӯ гардидаанд. Тадқиқоти мазкур бо мусоидати Институти инъикоси масоили ҷанг ва сулҳ ва расонаи CABAR.asia. дар моҳи октбяри имсол гузаронида шудааст. Дар назарпурсӣ 400 нафар занону духтарони аз 18 то 28-сола аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат кардаанд.
Ба гуфтаи муаллифон, таъқибу озор дар таксӣ нисбати занону духтарон асосан ба таври шифоҳӣ, ба мисли суолҳо ва пешниҳодҳои нохушоянд сурат мегирифтааст. Занону духтарон дар ин гуна ҳолатҳо чӣ посух доданашонро намедонанд ва то поёни сафар хомӯш буданро афзалтар медонанд. Вале баъзе духтарон гуфтаанд, ки аксар вақт ронандагон талоши бо онҳо шинос шуданро мекунанд ва баъзан вақте ҷавоби радро мешунаванд, дари мошинро қулф мекунанд. Бештари пурсидашудаҳо иқрор шудаанд, ки баъди ин ҳолатҳо аз мардон ва фармоиш додани таксӣ ҳазар мекунанд. Ду дарсади онҳо барои кӯмак ба равоншиносон муроҷиат кардаанд.
Зимнан, дар Тоҷикистон дар як соли ахир даҳҳо мард, асосан ронандагонро барои озору бадрафторӣ бо занон муҷозот кардаанд. Аз ҷумла, Раёсати вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки ҳафтаи гузашта як сокини 24-солаи шаҳри Душанберо барои гаппартоӣ бо ҷурми майдавбошӣ ба маблағи 406 сомонӣ ҷарима баста шуд. Ба қавли манбаъ, Хушбахт Бобобеков рӯзи 4-уми декабрр бо мошинаш як ҷавонзанро таъқиб ва бо алфози қабеҳ озор додааст. Чанд рӯз пештар аз ин додгоҳ ронандаи 30- солаеро, ки дар Душанбе ба шоираи тоҷик Адибаи Азиз дарафтодаву нисбаташ рафтори дағалона карда буд, ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум намуд.