Муовини вазири энергетикаи Узбекистон Шерзод Хоҷаев гуфт, кишвараш ҳоло барои имзои созишномаи бунёди неругоҳи ҳастаӣ бо Русия омода нест.
"Барои омода кардани қарордод ба вақти бештар ниёз дорем, то тавонем бигӯем, ки бале, ин шартҳо моро қонеъ мекунанд. Мутаассифона, ҳоло мо омода нестем. Аз як тараф ин бад аст, ки раванд каме тул мекашад, вале аз тарафи дигар, шартҳо барои ҷониби Узбекистон баъди ҳар давраи гуфтугӯҳо беҳтар мешаванд",-изҳор дошт Хоҷаев дар суҳбат бо расонаҳо.
Ба гуфтаи муовини вазири энергетикаи Узбекистон, ҳоло ҷонибҳо лоиҳаи мазкурро ҳамаҷониба ва муфассал баррасӣ доранд.
Масъалаи бунёди нирӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри XX матраҳ шуда буд. Вале иҷрои тарҳ ба иллати хатари зиёди заминларза ба таъхир афтод. Ширкати русии "Росатом" аз ибтидои асри XXI ба бунёди нирӯгоҳ сахт талош дорад ва ҳукумати Узбекистону Русия низ моҳи декабри соли 2017 дар ин замина созишномаеро имзо карданд.