Дар таҳқиқоти расонаии “Матбуоти боз”, ки рӯзи 26 июн нашр шуд, дар миёни соҳибмулкони калонтарини шикоргоҳҳои Русия ширкатҳои азими давлатии назири “Газпром”, ВТБ, "Роснефть", "Ростех", "Ростелеком", инчунин шахсиятҳои ҷудогонаи мисли мудирони калони ширкатҳову депутатҳо, раҳбарони вилоятҳову соҳибкорони феҳристи Forbes, аз ҷумла наздикони президент Владимир Путин ёд мешаванд. “Матбуоти боз” исми 50 соҳибмулки калони шикоргоҳҳоро нашр кардааст, ки беш аз 6 миллион гектар фонди ҷангали Русияро дар ихтиёр доранд. Нашрия менависад, ин ҳаҷми дороиҳои “элитаи Русияро бо 25 қаламрави Маскав, якуним вилояти Маскав ваё ду кишвари Белгия қиёс кардан мумкин аст”. Дар ҳоле, ки дар миёни дӯстони Путин дӯстдорони шикор зиёд мебошанд (Игор Сечин, Юрий Ковалчук, Николай Шамалов, Василий Шестаков ва дигарон), худи Путин чандон шикорро дӯст намедоштааст.
“Матбуоти боз” маълум кардааст, ки бархе шикорчиҳои "VIP” бисёр бераҳм ҳастанд ва дар нобуд кардани навъҳои нодири мурғобӣ, хирси сафед ва қу даст доранд.
Азимтарин шикоргоҳҳоро оилаи собиқ муовини раиси вилояти Олтой Анатолий Банних дар ихтиёр дорад. Исми ӯ дар робита бо моҷарои атрофи шикори гӯсфандҳои нодири Китоби Сурх бо чархбол ёд мешавад. Дар як чунин шикоре соли 2017 намояндаи доимии президент кушта шуд. Худи Банних бо чархбол ба кӯл афтоду дигар нопадид шуд. Дар ҷои дуюм ширкати “Газпром” ва раҳбарони калони он истодааст. Инчунин дар феҳристи калонтарин дорандаҳои шикоргоҳҳо соҳибкорон Виктор Векселберг, Андрей Костин, коргардон Никита Михалков (ҷои 14-ум), Николай Шамалов – як дӯсти Путин, "Роснефть" ва раҳбараш Игор Сечин, оилаи раиси Госдума Вячеслав Володин, оилаи дабири Шӯрои амният Николай Патрушев ва дигарон ёд мешаванд.