Президентҳои кишварҳои шомили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия - стратегияи рушдро қабул накарданд, ки барои панҷ соли оянда пешбинӣ шуда буд.
Дар ҷараёни ҷаласаи онлайнии созмони мазкур рӯзи 19-уми май президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ки бархе аз нуктаҳои тарҳ "Дар бораи самтҳои стратегии рушди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё то соли 2025" "ба коркард ниёз доранд".
"Ҳамоҳангӣ ва иттиҳод, ки дар стратегия пешниҳод шудааст, ба вижа муқаррар кардани ҷавобгарии ҳуқуқӣ - маъмурӣ ва ҷиноӣ, ба назарӣ мо, ҳануз ба усули кифояти ақлонӣ посухгӯ нест. Дар ниҳоят стратегия боиси маҳдудсозии мустақилии ҳукуматҳо ва порлумонҳо мешавад", - гуфт Тоқаев.
Вай ҳамзамон пешниҳод кард, ки ҳуҷҷати мазкур дар як ҷаласаи ҳузурӣ баррасӣ шавад.
Президенти Русия Владимир Путин дар ин ҷаласа ба тақвияти нақши ИИАО даъват кардааст.
Аммо Тоқаев гуфт, ки "ба масъалаи густариши салоҳиятҳои ИИАО бояд эҳтиёткорона рафтор кард". Президенти Қазоқистон гуфт, ки шомил кардани масоили тандурустӣ, маориф ва илм ба салоҳиятҳои ИИАО "мумкин аст, самти иқтисодии созмонро комилан тағйир диҳад ва хилофи моҳияти Созишнома дар бораи таъсиси ИИАО аз соли 2015 хоҳад буд".
Стратегия дар ниҳоят қабул нашуд.