Таҳдиди фармондеҳи эронӣ ба ИМА баъди изҳороти Трамп

Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи аршади Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон. 22 апрел

Фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, баъди таҳдиди твиттерии президенти ИМА Доналд Трамп ба ғарқ кардани қаиқҳои низомии эрониҳо ба нирӯҳояш амр додааст, ки онҳо низ метавонанд нирӯҳои баҳрии амрикоиҳоро ҳадаф қарор диҳанд.

Генерал Ҳусейн Саломӣ зимни як суханронии телевизиониаш рӯзи 23 апрел ҳушдор дод, ки нирӯҳои онҳо ба “ҳама гуна амал қотеона, муассир ва сареъ посух хоҳанд дод”. Саломӣ афзуд: “Мо ба воҳидҳои дарёии худ амр додем, ки агар киштиҳову воҳидҳои низомӣ аз нирӯҳои баҳрии артиши террористии Амрико бихоҳанд қаиқҳои тиҷоратӣ ваё низомии моро ба хатар андозанд, онҳо бояд киштиҳои ҷангиву воҳидҳои низомӣ (-и ИМА)-ро ҳадаф қарор диҳанд”.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 22 апрел гуфт, ки амр додааст дар сурати аз ҷониби қаиқҳои низомии эронӣ азияту озор дидани киштиҳои амрикоӣ дар Халиҷи Форс онҳоро хароб кунанд. Ин хабар дар рӯзе нашр шуд, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломии (СПИИ)-и Эрон гуфтанд, ба мадор маҳворабареро партоб кардаанд. ИМА ва дигар кишварҳо ҳанӯз ба мадор расидани маҳворабарро тасдиқ накардаанд. Озори киштиҳои амрикоӣ дар обҳои Халиҷ рӯзи 15 апрел аз ҷониби нирӯҳои баҳрии ИМА гузориш шуд. Киштиҳои амрикоӣ машғули машқ буданд, ки 11 қаиқи низомӣ ба онҳо “аз роҳи хатарнок ва азияткунанда наздик шуд”. Трамп дар твиттераш амр дод, ки “дар сурати дар баҳр аз ҷониби қаиқҳои ҷангии эронӣ азият шудани киштиҳои амрикоӣ ба сӯи онҳо оташ кушода хароб бикунанд”.

Таҳлилгарон мегӯянд, партоби маҳвора метавонад тавонмандиҳои Эронро дар рушди мушакҳои баллисткии байниқоравӣ афзоиш бидиҳад. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки ин партоб қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро нақз мекунад. Рӯзи 23 апрел Эрон сафири Швейсарияро, ки аз манфиатҳои ИМА ҳам напояндагӣ мекунад, ба Теҳрон даъват карда аз таҳдиди Трамп шикоят кард. Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки бо дасти сафир ба Вашингтон пайғом дода шуд, ки дар он аз ҳуқуқи Эрон барои ҳаракат дар обҳои Халиҷи Форс ҳимоят ва гуфта мешавад, ки Эрон ба ҳама гуна таҳдид посух хоҳад дод.