Қочоқи нашъа кам, вале "воридоти экстази ба Тоҷикистон афзудааст"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта ба хотири тақвияти ҳифзи марз бо Афғонистон қочоқи маводи мухаддир дуним баробар кам шуда, вале воридоти экстази ё ҳаб (таблетка)-ҳо аз Аврупо ба Тоҷикистон афзудааст. Тибқи ҳисоби созмонҳои байналмиллалӣ тавассути “масири шимолӣ”, ки Тоҷикистон ба он ворид мешавад, соли гузашта 8 дарсади тавлидоти умумии маводи мухаддири Афғонистон интиқол дода шудааст.