Эрдуғон гуфт, Туркия Қримро қаламрави Русия намеҳисобад

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар доираи як сафар вориди Киев шуда, бо ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ кард.

Зеленский баъди мулоқот дар як нишасти хабарӣ гуфт, яке аз мавзӯъҳои мулоқот ишғоли Қрим аз сӯи Русия ва низоъ дар Донбасс буд. Президенти Украина ба Туркия барои дастгирӣ дар баробари таҷовузкориҳои Русия миннатдорӣ баён кард. Ба гуфтаи ӯ, Туркия омодааст, барои раҳоии шаҳрвандони Украина, аз ҷумла тоторҳои Қрим аз зиндонҳои Русия мусоидат кунад.

Президенти Туркия гуфт, Анқара нимҷазираи Қримро на қаламрави Русия, балки минтақаи ишғолӣ меҳисобад. Эрдуғон афзуд, ки Анқара ҷонибдори ислоҳот дар Украина аст.

Сафари Эрдуғон ба Украина дар пасманзари сард шудани муносибатҳои Туркия ва Русия дар робита ба ҳаводиси Сурия аст. Туркия Русияро ба он айбдор кард, ки монеи ҳамлаи нерӯҳои ҳукумати Сурия зидди мухолифони мусаллаҳ дар вилояти Идлиб намешавад. Дар натиҷаи як ҳамлаи нерӯҳои ҳукумати Сурия чанд низомии турк кушта шуданд. Эрдуғон ҳушдор дод, ки Туркия омода аст, посух бигӯяд.

Русия соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол карда, онро ҳудуди худ медонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ онро қаламрави Украина меҳисобанд. Москва ҳамчунин аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҷонибдорӣ мекунад.