Талаби 2385 соли зиндон барои узбекистоние, ки дар Истамбул ҳамла анҷом дод

Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Узбекистон.

Додситонии Туркия барои Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Узбекистон, ки шаби 1-уми январи соли 2017 дар клуби шабонаи Reina дар шаҳри Истамбул ҳамла анҷом дод, 40 ҳукми зиндони якумрӣ талаб кард.

Ба иттилои расонаҳо, Машарипов дар талоши бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва куштори барқасдонаи 39 одам айбдор мешавад.

Барои узвият дар гуруҳи террористӣ ба вай 15 соли зиндон ва барои куштори 39 тан 2370 соли зиндон талаб шудааст.

Дар доираи парвандаи ҳамла ба клуби шабонаи Reina дар маҷмуъ 58 кас гумонбар мешавад. Аз ин теъдод 18 тан дар боздошт ҳастанд ва 8 каси дигар ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд.

Интизор меравад, додгоҳ 23-юми март ҳукмашро эълом кунад.

Дар ҳамла ба клуби Reina 39 кас кушта ва 69 тани дигар маҷруҳ шуда буд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт.