Президенти Ӯзбекистон 27 тарҳро зери назари худ гирифт

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон роҳбарони чанд ширкат ва инчунин мақомоти вилоятҳои Қашқадарё, Самарқанд, Сурхандарё, Намангон, Фарғона ва Хоразмро аз фаъолиятҳои камсамарашон огоҳ кард.

Ба иттилои маркази матбуотии президенти Ӯзбекистон, дар доираи Барномаи сармоягузории соли 2019 ба бештар аз 3,2 ҳазор лоиҳа қариб 14 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст. Аммо сарфи назар аз ин, чанде аз ширкатҳо ва созмонҳо фаъолияти хуб нишон надодаанд.

Ба ин далел Шавкат Мирзиёев тасмим гирифтааст, ки амалишавии лоиҳаҳоро мустақиман назорат кунад.