Кремл: Назарбоев дар робита ба "ҷойгузинаш " машварат накардааст"

Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев

Кремл рӯзи 21 март хабар дод, ки Владимир Путин, президенти Русия бо ҳамтои ҳамакнун пешини қазоқистониаш масоили ҳамкориҳоро баррасӣ кард.

Дар хабар омадааст, ки роҳбари Русия "саҳми бузург"-и Нурсултон Назарбоевро дар рушди муносибатҳои дуҷониба зикр ва Қосим-Жомарт Тоқаевро ба муносибати иҷрокунандаи вазифаи президент таъйин шуданаш табрик кардааст. "Ҳамкориҳои танготанги ду кишвар ва омодагӣ ба сафари Қосим-Жомарт Тоқаев ба Русия ҳамоҳанг шуд", - хабар дод Кремл.

Ахиран Путин дар мулоқот бо ҳайати ҳукумати Русия дар Кремл дар бораи тағйироти чашмгир дар Қазоқистон изҳори назар кард. "Мо шоҳиди рӯйдоди сиёсии ҳамсояамон, ҳампаймони наздиктаринамон ҳастем. Ин рӯйдод бо тағйири роҳбарияти сиёсии он кишвар рабт дорад. Мо умед дорем, ки ҷойнишинӣ таъмин хоҳад шуд", - гуфт Путин.

Путин бо Назарбоев рӯзи 19 март, пеш аз эълони истеъфои роҳбари Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом дод. Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли сухангӯи Кремл Дмитрий Песков навишт, ки Назарбоев бо Путин дар робита ба ҷойгузини эҳтимолӣ суҳбат накардааст, "аммо аз он ҷо ки роҳбарони ду кишвар муносибатҳои наздик доранд, Назарбоев тасмим гирифтааст, ҳамтои русашро дар ҷараён гузорад".