Русия таҳри қонуни беҳурматӣ ба мақомот ва хабарҳои тақаллубиро қабул кард

Ҷаласаи Думаи давлатӣ

Думаи давлатии Русия тарҳи қонун дар бораи масъулият дар баробари беҳурматӣ ба сохторҳои давлатӣ, рамзҳои давлату ҷамъият ва ҷазо барои пахши "хабарҳои бардурӯғ"-ро дар хониши сеюм ва ниҳоӣ тасвиб кард.

Бар пояи тарҳи қонун, маълумоте, ки пахши он на танҳо мақомотро таҳқир мекунад, балки "шарафи инсонӣ ва ахлоқи ҷамъиятиро паст мезанад" муъҷиби ҷазо хоҳад буд. Нашри шарҳҳое, ки беҳруматӣ ба мақомотро нишон медиҳанд, "авбошии кӯчак" арзёбӣ хоҳад шуд.

Барои нашри чунин шарҳ бори аввал аз 30 то 100 ҳазор рубл ва дафъаҳои баъдӣ то 300 ҳазор рубл ҷарима ё боздошт пешбинӣ мешавад.

Маблағи ҷарима барои нашри "хабарҳои тақаллубӣ" аз ҷониби шаҳрвандон 100 ҳазор рубл, мақомот то 200 ҳазор рубл ва ашхоси ҳуқуқӣ ду миллион рубл муайян шудааст.

Ҳангоми хониши дуюми тарҳи қонун ба он сабукиҳое ворид шуд. Аз ҷумла, ба васоити ахбор, ки расман сабти ном шудаанд, имкон дода мешавад, "хабари тақаллубӣ"-ро дарҳол ҳазф кунанд ва аз ҷарима халос шаванд.

Хабарнигорон ва фаъолони ҳуқуқи инсон аз тарҳи қонун ҳамчун санади маҳдудкунандаи озодии баён шадидан интиқод карданд.