Як ширкати сингапурӣ бо харҷи 2,5 миллиард доллар дар вилояти Тошканди Узбекистон "шаҳри ҳушманд" месозад.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, тафоҳумномаи сохтмон байни ширкати Universal Success Enterprises ва ҳукумати Узбекистон дар нахустин форуми байналхалқии сармоягузорӣ имзо шуд. Ин форум рӯзҳои 19-21-уми ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.
Интизор меравад, ки лоиҳа то охири соли 2021 амалӣ шавад.
Ширкати Universal Success Enterprises дар сохтани "шаҳрҳои ҳушманд" таҷрибаи зиёд дорад. Ба вижа, ин ширкат лоиҳаи Kolkata West International City ва Dholera Special Investment Region-ро дар Ҳиндустон сохтааст.