Словения як занро фармондеҳи неруҳои низомӣ таъин кард

Аленка Ерменс

Словения аввалин кишвари узви НАТО аст, ки як занро фармондеҳи неруҳои низомӣ таъин кардааст.

Генарл-майор Аленка Ерментс фаъолияташро дар мақоми раҳбари ситоди кулли артиш рӯзи 29 нобяр, расман дар як маросим оғоз мекунад. Ерменси 55 -сола дар гузашта муовини фармондеҳи артиш буд.

Президенти Словения Борут Паҳор, фармондеҳи аршади кишвар, рӯзи 27 ноябр аз таъини Ерментс ба ин мақом истиқбол ва изҳори умед кард, ки фаъолияти артиш таҳти раҳбарии Ерментс беҳтар хоҳад шуд.

"Ҳарчанд Словения ба таҳдиди мустақими низомӣ рӯ ба рӯ нест, аммо тамоюли умумӣ ва вахим шудани вазъи амниятӣ идома дорад ва кишвар бояд амнияти низомиашро дар кутоҳтарин замон тақвият диҳад",-гуфт Паҳор дар як изҳорот.

Нахуствазир Марян таъини Ермантс ба ин мақом баёнгари булуғи ҷомеаи Словения арзёбӣ кард.

Аленка Ерментс таҳсилкардаи Британия буда, фаъолияти низомиашро соли 1991, баъди як соли эълони истиқлолияти Словения аз Югославия оғоз кард.

Словения аввалин кишвари Югославияи собиқ аст, ки соли 2004 ба НАТО ва Иттиҳоди Аврупо шомил шуд.

Словения ду миллион аҳолӣ ва 7.500 сарбози фаъол ва эҳтиётӣ дорад.