Мақомот: далели ҳамкории вакили пешини Қирғизистон бо гуруҳҳои ҷиноӣ мавҷуд нест

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, ки дар бораи ҳамдаст будани вакили пешини порлумон Дамирбек Асилбек уулу бо гуруҳҳои ҷиноӣ иттилое надорад. Дар ин бора рӯзи 6 ноябр сухангӯи вазорат Бакит Сеитов хабар дод.

"Ҳар касеро, ки вакил интихоб ё сабт мекунанд, Комисияи марказии интихоботӣ ба мо рӯйхати онҳоро мефиристад. Агар номзад доғи судӣ надошта бошад ва ҷинояткор набошад, ӯро сабт мекунад. Иттилоъ дар бораи бо гурҳҳои ҷиноӣ ҳамдаст будани вакили пешин мавҷуд нест", - гуфт Сеитов.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 2 ноябр баррасии парвандаи вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу шуруъ шуд. Вакили пешин дар "ташкил ва роҳбарии гуруҳи фаромиллӣ" ва "ҷиноятҳои иқтисодӣ" айбдор мешавад. Ӯро 16 феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди Қазоқистон боздошт карданд.

16 апрел комисияи марказии интихоботии Қирғизистон мандати вакилии Асилбек уулуро бекор кард. Комисия гуфт, вай душаҳрвандӣ дорад. Пештар вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дода буд, ки Асилбек уулу шаҳрвандии Қазоқистонро дорад.