Пулиси Русия ба "хабаркашҳо" миллионҳо рубл ҷоиза медиҳад

Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев

Аз 28 август фармони Вазорати корҳои дохилии Русия ба иҷро даромад, ки бар пояи он шаҳрвандон барои "кӯмак дар боз намудани ҷиноятҳо ва боздошти ҷинояткорон" ба шаҳрвандон ҷоизаи пулӣ медиҳад. Тарҳи ин фармон дар саҳифаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ нашр шудааст.

Бинобар ин санад, қарори ҳаҷми ҷоизаи пулии беш аз се миллион рублро вазири корҳои дохилӣ Владимир Колокотсев қарор қабул кунад.

Ҷоиза дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл бо имзои раҳбари Идораи минтақавӣ ва то се миллион рубл бо имзои муовини вазир ироа мешавад.

Агар дар боз кардани ҷиноят ва боздошти ҷинояткор якчанд нафар иштирок кунад, ҳаҷми мукофот ба назардошти "ширкати шахсии ҳар нафар" хоҳад буд.

То ин дам пулис барои боздошти ҷинояткорони хатарнок мукофотпулӣ эълон мекард ва пулро аз фондҳои вазорат медод. Акнун Вазорати корҳои дохилӣ ин маблағҳоро аз департаменти сиёсати пуливу молӣ ва кафолати иҷтимоӣ дархост мекунад.