Ҷашнвораи 71-уми синамо дар Канн рӯзи чоршанбе бо филми "Ҳама медонанд"- и коргардони шинохтаи эронӣ Азғар Фарҳодӣ ифтитоҳ шуд. Таҳиягарони ҷашнвора имсол ба қидаи баргузори маърака чанд дигаргунӣ ворид карданд. Аз ҷумла "selfie" ҳангоми гузори ситораҳо аз рӯи қолини қирмиз мамнуъ шуд. Ҳамчунин филмҳои вориди сабқатро қабл аз намоиш ба хабарнигорон нишон надоданд ва худи ҷашнвора на чун ҳамеша дар рӯзи сешанбе, балки рӯзи чоршанбе баргузор шуд,- мегӯяд хабарнигори Озодӣ аз ин маърака.
Ҷашнвора бо филми коргардони шинохтаи Эрон Асғар Фарҳодӣ "Ҳама медонанд" оғоз шуд. Филми "Ҷудоии Нодир ва Симин"- и Фарҳодӣ соли 2011 ҷоизаи Оскарро дарёфт кард. Соли 2016 филми дигари ӯ бо номи "Марди фурӯшанда" низ соҳиби Оскар шуд. Фарҳодиро дар Канн дӯст медоранд ва ӯ бори сеюм дар сабқат ширкат мекунад. Филми "Ҳама медонанд" дар Испания наворбардорӣ шуда, нақшҳои аввалро дар он Пенелопа Крус ва Ҳавиер Бардем мебозанд.
Қарор аст, доварони байналмилалӣ бо раҳбарии ҳунарманди Ҳолливуд Кейт Бланшетт 20 филмеро арзёбӣ кунанд, ки ба сабқат пешниҳод шудаанд.