Дар Душанбе муқовимат бо ифротгароии хушунатомез баррасӣ мешавад

Имрӯз, 3-юми май дар Душанбе конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" ба кори худ оғоз мекунад.

Ба иттилои мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиши дурӯза Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Владимир Воронков, муовини дабири кулли СММ( раҳбари Дафтари зиддитерористии ин созмон), Томас Гремингер, дабири кулли САҲА, Петер Буриан, намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ширкат ва оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ, суханронӣ хоҳанд кард.

Аз дафтари матбуоти вазорати хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар нимаи аввали имрӯз ҷаласа зери унвони "Назари Иттиҳодияи Аврупо ба муқовимат бо ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он", баргузор хоҳад шуд. "Мусоидати СММ дар ҷилавгирии тундгароии хушунатомез" мавзӯи ҷаласаи баъдии ин ҳамоиш хоҳад буд.

Қарор аст рӯзи ҷумъаи 4-уми май дар "Кохи сомон" Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ширкат намуда, дар масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ суханронӣ суханронӣ намояд.

Дар ҳамин рӯз муовини дабири кулли СММ, раҳбари Дафтари зиддитерористии ин созмон Владимир Воронков, Дабири куллии САҲА Томас Гремингер, намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи марказӣ Петер Буриан оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ изҳори назар хоҳанд кард.

Дар поёни ин нишаст Эъломияи Душанбе қабул шуда, пас аз суханронии хотимавии вазири хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, нишасти хабарӣ баргузор хоҳад шуд