Олими тоҷик Абдусалом Одиназода ба тундгароӣ муттаҳам шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон Абдусалом Одиназода, донишманди тоҷики муқими Австралияро ба тундгароӣ муттаҳам карданд. Одиназодаи 50-сола дар Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор мекунад. Баъзе аз манобеъ дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи 3-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳукумат” ва “даъват ба ифротгароӣ тариқи интернет” – гумонбар аст.