"Рӯёрӯии ҳавопаймоҳо дар Сурия, мумкин аст, тасодуф набошад"

Ҷеймс Маттис

Ҷеймс Маттис – вазири дифои Амрико – гуфт, рӯёрӯии ҳавопаймоҳои ҷангии русӣ ва амрикоӣ дар фазои Сурия, мумкин аст, тасодуф набошад.

Маттис ин суолро дар миён гузошт, ки оё наздикии байни ҳавопаймоҳо иштибоҳӣ буда ё дар натҷиаи манёври амдӣ ё бақасдонаи сарнишинҳои русӣ иттифоқ афтодааст. Вазири дифои Амрико чунин манёврро хеле хатарбор хонд.

Ҷеймс Маттис рӯзи 15-уми декабр дар Вазорати дифои Амрико ба хабарнигорон гуфт, “дар ҳоли ҳозир чизе гуфта наметавонамм. Оё ин дар асари мушкилот ва беназм будани ҳавопаймо будааст, ё худсарии сарнишин. Ё касоне буданд, ки талош мекарданд то корҳои ғайриоқилона анҷом диҳанд.”

Пеш аз ин, Вазорати дифои Русия гуфта буд, ки сарнишинҳои ин кишвар кадом иштибоҳе накардаанд.