Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфтанд, ки як сарбози амрикоӣ дар натиҷаи суқути чархболе дар вилояти Лугар кушта шудааст. НАТО бо нашри баёнияе дар рӯзи 28-уми октябр гуфт, ки 6 сарнишини дигари чархбол ҷароҳат бардоштаанд ва муолиҷа мегиранд.
Ба гуфтаи НАТО, суқути чархбол “натиҷаи амали душман набуд”. Салим Солеҳ, сухангӯи ҳукумати вилоят гуфт, чархбол ҳангоми бархостан ба мушкилӣ гирифтор шуда ва ба дарахте бархӯрда суқут кардааст.