Раҳбари хадамоти матбуоти президенти Узбакистон Асадҷон Хоҷаев ва раиси Ширкати миллии радиову телевизиони ин кишвар Бобур Алихонов аз мақом барканор шуданд.
Асадҷон Хоҷаев моҳи марти соли ҷорӣ ва Хуршед Мирзоҳидов моҳи феврал ба ин мақомҳо таъйин шуда буданд.
Тавре сомонаи Kun.uz хабар медиҳад, аз мақом барканор шудани ин ду мансабдор ба якдигар рабт дорад. Ба навиштаи расона, Хоҷаев ва Алихонов ба далели роҳ додан ба иштибоҳ дар пахши Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии "Таронаҳои шарқ" аз мақом барканор шудаанд. Ин ҷашнвора рӯзи 25-уми август дар Самарқанд оғоз шуд.