Нилуфар Мамасаидова, шаҳрванди Узбакистон, баъд аз ду ҳафтаи ҷудоӣ рӯзи 9 январ дар додгоҳи Кунтсевои Маскав ба дидори духтараш Манижаи яксола расид. Ҳомии ҳуқуқ Баҳром Исмоилов дар шабакаи Телеграм гуфт, ки "билохира ҷудоии модару духтар поён ёфт". Вай ба тамоми намояндагони расонаҳо ва фаъолоне, ки ба қавли ӯ ба 30 дараҷаи сардии пойтахти Русия нигоҳ карда, дар канорашон буданд, изҳори сипос кардааст.
Баҳром Исмоилов гуфт, бегоҳи душанбе Манижаро ҳамроҳи кормандони сафорати Узбакистон ва ду маъмури пулис аз бемористони касалиҳои сироятии рақами 1-и Маскав гирифта, ба назди модараш бурданд. Дидори духтару модар дар роҳрави додгоҳи Кунтсево сурат гирифтааст. Ҳомии ҳуқуқ навори лаҳзаи дидори модару духтарро низ дар Телеграм гузоштааст.
Манижаи яксола дар интизори модараш дар додгоҳи ноҳияи Кунтсевои Маскав. Акс аҳ саҳифаи Баҳром Исмоилов дар Фейсбук
Рӯзи 23 декабри соли гузашта манзили иҷораи Мамасаидова ғорат шуд ва моликияти ӯ, ҳамроҳ бо санадҳои худу фарзандаш ба яғмо рафт. Ин зан, ки ба ҳайси фаррош дар фурӯшгоҳи “Ашан” кор мекунад, дафъатан ба пулис шикоят кард. Вале ходимони пулиси ноҳияи Кунтсевои Маскав рӯзи 25 декабр ба ҷои ҳодиса омада, модару кӯдакро бо иттиҳоми надоштани санад боздошт карданд. Дар идораи пулис мошини Ёрии таъҷилӣ кӯдакро ба бемористони амрози сироятии рақами 1-и шаҳри Маскав интиқол дод. Табибон гуфтанд, ки кӯдак бо таби баланд оварда шуд.
Модари тифл – Нилуфар Мамасаидова се рӯз дар боздоштгоҳи муваққат нигоҳдорӣ шуд, чун, ба қавли пулис, соҳиби ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худ ва кӯдакро надошт. Баъди чанд рӯз сафорати Узбакистон дар Маскав санади муваққатии тасдиқкунандаи шахсияти модарро содир кард, аммо масъулон гуфтанд, ин санад барои соҳибӣ ба кӯдак кофӣ нест ва кӯдак дар идораи пулис ба ҳайси “тифли бесоҳиб” ба қайд гирифта шудааст. Рӯзи 7 январ ҳомии ҳуқуқ Баҳром Исмоилов гуфта буд, ки барои гирифтани санади таваллуди Манижа аз бемористон талош доранд.