Муҳаммаду Буҳорӣ: "Боко Ҳаром" бе пойгоҳ монд

Муҳаммаду Буҳорӣ, раиси ҷумҳури Нигерия, гуфт, ки артиши ин кишвар яке аз пойгоҳҳои аслии гурӯҳи “Боко Ҳаром”-ро таҳти назорати худ даровардааст. Ба гузориши Ройтерс, дар баёнияи раиси ҷумҳури Нигерия омадааст, "моҳҳо ҷанг бо ин гурӯҳ дар шимоли шарқи Нигерия саранҷом ба шикасти комили террористҳо дар охирин пойгоҳашон дар ҷангали Самбиза поён ёфт". Гурӯҳи “Боко Ҳаром” бар иловаи Нигерия, дар минтақаҳои марзии Чад ва Камерун ҳам фаъол аст. Дар ҳафт соли набардҳои гурӯҳи "Боко Ҳаром" барои таъсиси давлати исломӣ дар Нигерия ҳазорҳо нафар кушта шуданд.