Машварати солонаи сафорати ИМА ва вазорати дифои Тоҷикистон

Сафорати ИМА дар ш. Душанбе машварати солонаи гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд. Дар ин ҷаласа 30 намояндаи Фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА ва ҷузъу томҳои он ва инчунин 12 афсари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок намуданд. Ин чорабинӣ барои ҳамкории ҳарбӣ байни ИМА ва Тоҷикистон барои соли ояндаи молиявӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои марбут ба ташкили машқҳои ҳарбӣ ва курсҳои омӯзишӣ дар солҳои 2018-2019 муҳокима шуд. Аъзоёни гурӯҳи корӣ афзалиятҳои нисбат ба истифода аз барномаи кӯмаки молиявии бебозгашт ба Тоҷикистон дар доираи маблағгузории ҳарбии хориҷиро низ мувофиқа намуданд.