Оғози ихроҷи мардум аз шаҳри Ҳалаби Сурия

Ҳалаб дар ҷанги 5-сола ба харобазор табдил шудааст.

Бино ба гузоришҳо, ихроҷи мардум аз минтақаҳои зери назорати шӯришиён аз шаҳри Ҳалаб идома дорад. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх рӯзи 15-уми декабр гуфт, ки барои ихроҷи 200 маҷрӯҳ, ки баъзеашон вазъи бисёр бад доранд, омода мешавад. Ба гуфтаи Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, автобус ва мошинҳои ёрии тиббӣ аз минтақаҳои зери назорати ҳукумат ба ноҳияҳои зери назорати шӯришиён ҳаракат мекунанд. Расонаҳои давлатии Сурия мегӯянд, қарор аст, чаҳор ҳазор шӯришӣ ва аъзои хонаводаҳои онҳоро аз ноҳияҳои шарқии Ҳалаб берун мекунанд. Русия, ки аз ҳукумати Сурия ҳимоят мекунад, гуфтааст, ки ҳукумати ин кишвар амнияти шӯришиёнро, ки ба шаҳри Идлиб мераванд, таъмин мекунад. Қарор буд, ки шӯришиён ва мардуми осоишта рӯзи 14-уми декабр аз Ҳалаб берун шаванд, вале созиши оташбаси ҳосилшуда ба миёнҷигарии Русия ва Туркия аз ҳам пошид ва ҷангҳо дигарбора авҷ гирифт.