12½ сол ҳукми зиндони раиси шаҳр барои порахӯрӣ

Урлашов, Лопатин ва Донсков дар додгоҳ

Додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Ярославли Русия шаҳрдори Ярославл Дмитрий Урлашовро бо ҷурми порахӯрӣ ба 12½ соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ рӯзи 3 август Урлашовро ҳамчунин 60 миллион рубл, муодили 900 ҳазор доллар ҷарима баст. Урлашов дар гирифтани 17 миллион рубл, ё тақрибан 255 ҳазор доллар пора аз тоҷирон гунаҳкор шинохта шуд. Мушовири ӯ Алексей Лопатин низ барои кумак дар ҷамъоварии ришва ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, вале додгоҳ муовини шаҳрдор Дмитрий Донсковро сафед кард. Баъди эълони ҳукм Урлашов ин парвандаро интиқом барои мавқеи интиқодии ӯ нисбат ба ҳизби ҳокими Русияи воҳид номид. Урлашов соли 2013 боздошт ва ба дунбол аз иҷрои вазифа то анҷоми тафтишот барканор шуда буд.