Мессӣ бори севвум футболбози сол эълон шуд

Лионел Мессӣ футболбози беҳтарини соли 2011 эълон шуд. Ҷоизаи “Тӯби тилоӣ”-и ФИФА –Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол - имсол ҳам ба футболбози 24-солаи “Барселона” ва тими миллии Аргентина эъто шуд. Мессӣ нахустин бозигарест, ки 3 дафъа паиҳам соҳиби “Тӯби тилоӣ” мешавад. Ӯ дар расми эътои ин ҷоиза дар Сюрих гуфт: “Ин аломати бузургии ин тим аст: Мо алакай ҷоизаҳои зиёдеро бурдем ва мехоҳем ҷоизаҳои боз ҳам бештаре ба даст биорем.”
Рақибони Мессӣ бозигари португалии тими “Реал”-и Мадрид Криштиану Роналду ва бозигари испании “Барселона” Хавӣ буданд, вале Мессӣ бо касби 48 дарсади оро аввал шуд. Ҳомаре Сава аз Ҷопон беҳтарин футболбози зан дар соли 2011 эътироф шуд.