Аҳмадинажод хостори тафтиши суқути Боинг-727 шуд

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, амр намуд, ки сабабҳои суқути ҳавопаймои ширкати давлатии Iran Air ҳамаҷониба тафтишу таҳқиқ шавад. Ҳавопаймои Боинг-727 , ки шоми рӯзи якшанбе аз Теҳрон ба шаҳри Урмия, воқеъ дар шимолу ғарби Эрон, парвоз мекард, ҳангоми фуруди изтирорӣ ба замин бархӯрд ва пора-пора шуд. Бар пояи иттилоъи ахир, бар асари суқути ҳавопаймо 77 нафар кушта ва 26 нафар маҷрӯҳ шудаанд, як нафар беному нишон ғайб задааст. Гуфта мешавад, ки дар Боинг-727 106 мусофиру сарнишин ҳузур доштанд.
Як сабаби суқути ҳавопаймо ҳавои номусоид арзёбӣ мешавад. Сарнишинон дар мавриди фуруди изтирорӣ дар ҳоле тасмим гирифтанд, ки ҳаво абрӣ буд ва барф меборид.