Яке аз фармондеҳони аршади Толибон бо номи Мулло Абдулғанӣ Бародар аз ҷониби нерӯҳои амниятии Амрико ва Покистон дар шаҳри Карочӣ боздошт шудааст.
Хабаргузориҳои ҷаҳон бо нақл аз нашрияи амрикоии The New York Times навиштаанд, Мулло Абдулғаниро хадамоти амниятии Амрикову Покистон дар натиҷаи як амалиёти муштарак дастгир кардаанд.
Ин нафар яке аз чеҳраҳои калидӣ дар системаи низомии Толибон ҳисобида мешавад ва муҳимтарин боздошт аз замони оғози ҷанг бо Толибон дар Афғонистон сар аз соли 2001 унвон шудааст. Ӯро «нафари дуввум» дар Толибон пас аз Мулло Умар меноманд. Хабарнигори BBC Мулло Абдулғаниро «сайди калоне» номида ва гуфтааст, маҳз ҳамин одам ҳаррӯза амалиётҳои ҷангӣ ва молии Толибонро раҳбарӣ мекард. «Нафари дуввум»-и Толибон 42 сол дорад ва аз фармондеҳони калидии Толибон шинохта шудааст. Вай аз соли 1990 ба ин сӯ зери раҳбарии Мулло Умар ба бозсозии нируҳои Толибон машғул буд.
Толибон ба боздошти ин раҳбари худ вокуниши яксон надоранд. Сухангӯи онҳо боздошти муллоро рад мекунад ва мегӯяд, вай ҳанӯз дар Афғонистон қарор дорад ва фаъолиятҳои сиёсиву низомии Толибонро созмондиҳӣ мекунад. Аммо яке аз фармондеҳони аршади саҳроии Толибон ин боздоштро ба матбуот таъйид кардааст.