Имрӯз дар Теҳрон садҳо ҳазор нафар дар раҳпаймоии эътирозии мамнуъ бар зидди пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинежод дар интихботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карданд. Баъд аз интихоботи рӯзи ҷумъа, 12-ӯми июл Мир Ҳуссейн Мусавӣ-номзади мағлуби ислоҳталабон бори нахуст дар назди мардум зоҳир шуд ва хитоб ба издиҳом гуфт, ки барои ширкат дар интихоботи нав омодагӣ бигиранд. Оятулло Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон гуфтааст, Шӯрои Нигаҳбон бояд ба шикояти Мусавӣ расидагӣ кунад. Мусавӣ ба ҷонибдоронаш гуфт, ки вай ҳозир аст дар интихоботи нав ширкат ҷӯяд.