Ҳукумати Амрико ба ширкатҳои мошинсозӣ 17 миллиарду чаҳорсад миллион доллар медиҳад, то аз варшикастагии онҳо пешгирӣ кунад. Ин сармоя аз хазинаи 700-миллиарддоларии кӯмак дар давраи бӯҳрон дода хоҳад шуд. Агар ширкатҳои мошиносзӣ то охири моҳи марти соли оянда аломатҳои беҳбуд нишон надиҳанд, таъмини молии онҳо қатъ ва сармоя ба хазина баргардонида мешавад. Президент Буш гуфтааст, фурӯпошии саноати мошинсозии Амрико боиси бӯҳрони амиқтари иқтисоди кишвар хоҳад шуд.