Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як низомии "Вагнер"-ро дар Узбекистон ҷазо додаанд


Як низомии “Вагнер”
Як низомии “Вагнер”

Додгоҳи ноҳияи Мирзоулуғбеки Узбекистон озодии як шаҳрванди 48-солаи ин кишварро барои пайвастан ба ширкати хусусии низомии “Вагнер” ва ҷангидан алайҳи Украина 4 сол маҳдуд кардааст.

Додрас мардро бар асоси банди “Иштирок дар ҷанги кишвари хориҷӣ”, ки аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, гунаҳкор дониста, аммо бо назардошти ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо (эътирофи пураи гуноҳ, пушаймонӣ ё доштани фарзанди ноболиғ) танҳо озодии ӯро маҳдуд кардааст.

Маҳкумшуда дар додгоҳ гуфтааст, ҳангоми кор дар Русия бо ширкати хусусии низомии “Вагнер”, ки ба ӯ 240 ҳазор рубл моҳона ваъда карда буд, қарордод баста, 20 майи соли 2023 ба ҷанги Украина сафарбар шудааст. Аммо баъд аз кушта шудани раҳбари ширкат Евгений Пригожин қарордоди ӯ пеш аз муҳлат қатъ гаштааст.

Шаҳрванди Узбекистон аз тамдиди дубораи қарордод даст кашида, 24 сентябри соли 2023 ба ватан баргаштааст.

Қаблан додгоҳи Оҳангарони Узбекистон як шаҳрванди дигари ин кишварро барои ҷангидан дар сафи зархаридони “Вагнер” зидди Украина ба 2,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум карда буд.

XS
SM
MD
LG