Амос Чапел, хабарнигори Радиои Озодӣ ба Ҷумҳурии Сахаи Русия сафар кард, то бо се нафаре сӯҳбат кунад, ки дар зимистони қаҳратунe тоқатфарсои Сибир дар берун кор мекунанд.
БОЗОРНИШИН
Понздаҳ сол аст, ки Сона Угурчиева дар “Бозори Деҳқон”- и шаҳри Якутск дар сармои 50 дараҷаӣ мунтазири муштарӣ менишинад.
Угурчиева соли 1993 аз зодгоҳаш Ингушистон, ки он вақт ноором буд, ба Якутск кӯч баст.
Бозори Деҳқон, ки Угурчиева дар он дӯкон дорад, аз як растаи 50 метрии маводи яхбаста иборат аст. Дар маркази Якутск ҷойгир аст ва ҳафт рӯзи ҳафта боз аст.
Аз соати 7 бомбдод то 7 шом, мардум барои харидани моҳӣ меоянд, ки баъди чанд дақиқаи берун овардан, як мебандад. Моҳиро дар кӯлҳои Якута мегиранд.
Илова бар моҳӣ дар инҷо гӯшти гов ва гавазн ҳам мефурӯшанд.Гӯшти яхбастаро фақат бо арра метавон бурид.
Гӯшти харгӯши сафед низ ҳаст, яктои он 26 доллар қимат дорад.
Уругчиева барои муштарӣ моҳӣ бармекашад. Зани 56-сола аз зери палто се камзӯл мепӯшад, дастпӯши пашмин ва мӯзаи намадин дорад. Хатари сарморо медонад. “Як бор маро сармо зад. 58 дараҷа сар буд, вале бод набуд ва ман эҳтиёт накардам. Як рухсораамро сармо зад ва пӯсташ рехт.
Мӯзаҳои пашмини бозорнишин. Уругчиева мегӯяд, кор дар сармои қаҳратун осон нест. “Афроди зиёде инҷо дӯкон боз карданд, вале бо гузашти чанд моҳ тоб наоварда рафтанд. Агар як ду сол то биёрӣ, дигар одат мекунӣ.
Вақти чойнӯшии Угурчиева. Мегӯяд, ки аз омаданаш ба Якутск ҳеҷ пушаймон нест. “Ҳама мегӯянд, ки барои як тобистон инҷо меоянд, вале то охири умр мемонанд. Сармо зиндагиро сахт мекунад, аммо ман фазои мардумии инҷоро дӯст медорам.
ВАЙРОНГАР
Дар шаҳри Хандига, ки 6 ҳазор сокин дорад, ба сабаби об шудани яхи зери замин, хонаҳо батадриҷ вайрон мешаванд. Мисли ин бинои замони шӯравӣ.
Умри ин бино ба поён расидааст ва барои ҳамин Толик Юсупов ва гурӯҳи ӯро аз Якутск даъват кардаанд, ки хонаро вайрон кунанд. То расидан ба инҷо 7 соатро роҳро бо мошин тай кардаанд.
Ба тахмини Юсупов барои вайрон кардани ин бино як моҳ ва ё бештар аз он лозим аст. Ҳарчанд бо мошини махсус метавон ин биноро дар чанд соат вайрон кард, вале маҳсулоти гаронбаҳои сохтмониаш нобуд мешаванд.
Ин чӯбҳоро барои бурдан омода кардаанд. Тахтаҳои сиҳатро барои истифода дар сохтмонҳои тобистона мефурӯшанд.
Тахтаҳои бомро мекананд. Юсупов аз 18 -солагӣ корро сар кардааст ва новобаста ба вазъи ҳаво ӯро барои кор ба саросари Ҷумҳурии Саха фиристодаанд.
“Албатта ман тобистонро хуш дорам. Вақте ҳаво воқеан сард аст, ангуштон дуруст кор намекунанд. Дастпӯшҳо бисёр муҳиманд, зеро мо тамоми рӯз бо ин асбоби оҳанӣ кор мекунем.
Юсупов ба кандани болор машғул аст. Дар он тараф маркази гармидиҳии ангиштии Хандига дуд мекунад. Юсупови 47-сола аз субҳи содиқ то шоми сард ва то тулӯъ кор мекунанд.
Болои боми хонаи вайронаро пок мекунанд. Дар ин бино зоҳиран асбест истифода кардаанд. Вақте аз ӯ пурсидем, ки намедонад, асбест барои сиҳатӣ хатар дорад. Ӯ сар такон дод ва гуфт:”Ман намедонам”.
Хонае дар бинои нимавайрона, ки соли 2017 онро холӣ карданд.
Юсупов на парвои сармои қаҳратун дорад, на парвои сахтии кор. Ӯ мегӯяд: Ин кор аст, ҳама кор кор кор аст. Наметавонам бигӯям, ки аз он баҳра мебарам, вале медонам, чӣ гуна кор кунам. Мард бояд коре дошта бошад.
ГАЛЛАБОН
Чанд километр дуртар аз рустои Тополиное, Гриша Замятин, галлаи гавазнҳояшро нигоҳубин мекунад. Чиҳил гавазн дорад.
Замятин аз аққаллиятҳои эвенк аст, ки гавазнбонӣ бо гавазнбонӣ рӯз мегузаронанд.
Ба ҷойи нигаҳдории галлаи Замятин танҳо бо чанаи гавазнӣ метавон рафт ва бояд аз рӯдхонаи яхбастаи Томпо гузашт.
Ӯрдугоҳи Замятин иборат аз хаймаҳои замони шӯравист. Яке барои галлабон аст, дигарӣ барои нигаҳ доштани чана.
Бо хомӯш шудани оташ дар даруни хаймаи Замятин, галлабони пуртоқат аз бистараш берун мешавад ва барои бухории оҳанин чӯб пора мекунад. Хайма ҳам зуд гарм мешавад.
Замятини 40-сола асосан аз гӯшти ҷонварҳои шикоркардааш ғизо мепазад. Шабе, ки ман онҷо будам, гӯшти ҷӯшондаи бузи кӯҳӣ ва гурдаи гавазни шимолиро хӯрдем. Замятин мегӯяд, дохили хайма ҳама паҳну парешон аст, зеро ҳамсараш ҳафтаҳо боз набуд. Ӯ мегӯяд, “Агар занам инҷо мебуд, ҳоло инҷо мисли Ҳилтон мешуд”.
Гавазнҳои инҷо дар атрофи Тополиное, дар сармои тоқатфарсои инҷо тоб меоранд.
Гавазнҳо “либоси сармоногузар” доранд ва шино ҳам карда метавонанд, биниашон ҳам мӯй дорад, ки аз сармо роҳи нафасро нигаҳ медорад.
Замятин ин пораи яхро мебарад ва об карда мехӯрад. Гавазнпарвари ботаҷриба мегӯяд, бо вуҷуди онки аз сармо шушҳояш гоҳо дард мекунанд, аммо ӯ назар ба тобистон ба зимистон бартарӣ медиҳад.
Дар тобистон пашшаву борон аст, гавазнҳо бемор мешаванд. Зимистон беҳтар аст. Вақте барф меборад, гавазнҳо ором мегиранд.