Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Ҳисор бар асоси аризаи як сокини ин ноҳия, ки мехоҳад бо гузашти 25 сол аз қатли падараш – Раҳмон Сафаралиев – дастандаркорони марги ӯро ошкор кунад, санҷишро оғоз кардааст. Писари Раҳмон Сафаралиев дар қатли падараш Ҷамолиддин Мансуров, раиси собиқи ноҳия ва вакили пешини порлумон ва чанд мақоми онвақтаи Ҳисорро гумонбар медонад.

Иддаои Сафаралиев: "Падарамро куштанд"

Аз оғози тафтишот ҳеҷ ҷойи шикоят надорам, вале дурӯғ будани он ҳатман собит мешавад. Баръакс, мумкин аст, ман алайҳи онҳо барои туҳмат ариза пешниҳод кунам

Мақомоти додситонии Ҳисор гуфтанд, ки ариза аз номи сокини деҳаи Қалъаи Ҳисор Бадриддин Сафаралиевро дар хусуси қатли падараш дар соли 1992 дарёфт карда, мавриди санҷиш қарор доданд. Икром Мирзошарифов, муфаттиши Додситонии ноҳияи Ҳисор, рӯзи 3-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аз хонаводаи ҷабрдида ва шоҳидон баёнот мегирад. Аммо Мирзошарифов ба хотири сирри тафтишот аз шарҳи бештари ҷузъиёти қазия худдорӣ кард.

Дар баёноте, ки Бадриддин Сафаралиев ба додситонии Ҳисор додаааст, исми Ҷамолиддин Мансуров, раиси собиқи ҳукумати Ҳисор ва раҳбари вақти Ситоди Фронти Халқӣ дар ин минтақа ҳамчун гумонбарони қатли падараш зикр шудааст. Аммо Ҷамолиддин Мансуров ин иддаоро рад кард ва онро туҳмат номид.

Мансуров: Дар ҳаққи ман туҳмат мекунанд

Бадриддин Сафаралиев мегӯяд, ки ин курта дар тани падараш буд
Бадриддин Сафаралиев мегӯяд, ки ин курта дар тани падараш буд

Ҷамолиддин Мансуров, раиси пешини ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки он замон сардори Ситоди Фронти Халқӣ дар ин минтақа будааст, дар суҳбати ҳузурӣ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, аз ин қазия дарак дорад, аммо даст доштанаш дар қатли Раҳмон Сафаралиевро рад мекунад.

Мансуров гуфт, "вазъияти он шабу рӯз барои ҳама маълум аст. Ман ончунон серкор ва серташвиш будам. Вазъият дар ноҳия тамоман ноором буд ва Раҳмон Сафаралиевро аслан ба ситод даъват накарда будам ва ҳеҷ чизро дар ёд надорам. Ин ҳама буҳтон аст. Аз оғоз шудани тафтишот ҳеҷ ҷойи шикоят надорам, вале дурӯғ будани он ҳатман собит мешавад. Баръакс, мумкин аст, ман алайҳи онҳо барои туҳмат ариза пешниҳод кунам."

Суҳбати мо бо Ҷамолиддин Мансуров дар деҳаи Қипчоқи ноҳияи Ҳисор дар манзили зисти ӯ сурат гирифт.

Раҳмон Сафаралиеви 55-сола, падари Бадриддин, дар оғози солҳои 90-ум домуллои деҳа буд ва дар идораи обёрии ноҳия кор карда, зиндагиашро таъмин менамуд. Ба иддаои хонаводааш, ӯ рӯзи 30-юми декабри соли 1992 ба ситоди Фронти Халқии ноҳияи Ҳисор даъват шуда, баъд аз тақрибан як ҳафта ҷасадашро дар дашти наздик ба ноҳияи Ҳисор гирифтаанд.

"Ӯ ба ситоди Фронти Халқӣ рафту... барнагашт"

Бадриддин Сафаралиев
Бадриддин Сафаралиев

Бадриддин Сафаралиев бо гузашти 25 сол дар қатли падараш Ҷамолиддин Мансуров, собиқ раиси ноҳияи Ҳисор ва сардори вақти ситоди Фронти халқӣ дар ин минтақаро гунаҳкор медонад. Ӯ рӯзи 3-юми октябр гуфт, “дар баёнотам ба додситонӣ навиштам, ки Ҷамолиддин Мансуров гунаҳкор аст ва баъд номи Баҳром Суванов, сардори собиқи шӯъбаи тафтишоти ҷиноии ноҳия, Лутфулло Рӯзиев, муовини раиси вақти ситоди Фронти Халқӣ ва Камолиддин Бурҳонов, собиқ муовини сардори СИЗО-и шӯъбаи корҳои дохилии Ҳисор гунаҳкорони асосӣ дар қатли падарам ҳастанд.”

Вай афзуд, падараш гӯё бо даъвати Ҷамолиддин Мансуров ба ситод рафта буд ва дигар барнагашт. "Пас аз як ҳафтаи нопадид шудан, муовини раиси вақти ситод – Лутфулло Рузиев омад ва гуфт, ки 60 ҳазор рубл диҳеду ҷасадро гиред. Баъди додани маблағ ба дашти “Ғори чумчуқҳо”-и ҷамоати Мирзо Ризо рафта, ҷасади падарро гирифтем", - афзуд ӯ.

Чаро бо гузашти 25 сол?

Мастура Наимова, ҳамсари Раҳмон Сафаралиев, низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз чаҳор рӯзи боздошти ҳамсараш ба назди Ҷамолиддин Мансуров рафт, вале ӯро қабул накард. Бадриддин Сафралиев ба суоли мо, ки чаро баъд аз 25 соли ҳалокати падараш акнун мехоҳад қотилони ӯро ба додгоҳ бикашад, гуфт, “ин нафарон он замон нуфуз доштанд, соҳиби мақом буданд ва метавонистанд ба қарори додгоҳ таъсир гузоранд. Ҳоло ҳеҷ кас нестанд.”

Ҳасан Қурбонов, сокини деҳаи Карим Девонаи ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, рӯзҳое, ки Раҳмон Сафаралиев дар СИЗО буд, ӯ низ дар боздоштгоҳ қарор дошт. Ба гуфтаи Қурбонов, яке аз кормандони СИЗО фақат бо Раҳмон Сафаралиев сари кор дошт ва ҳамеша ӯро латту кӯб мекард. Қурбонов дар ин бора ба муфаттиши додситонӣ, ки аризаи Сафаралиевро меомӯзад, шаҳодат додааст.

Баёноти чаҳор нафар

Ба иттилои мақомоти Додситонии ноҳияи Ҳисор, тайи як ҳафтаи ахир дар робита ба ин куштори 25 соли пеш аз чаҳор нафар баёнот гирифта шуд. Додситонии ноҳияи Ҳисор мегӯяд, пас аз анҷоми пурраи пурсиши шоҳидон ва омӯзиши санадҳои дигар тасмим хоҳанд гирифт, ки бо ин парванда чӣ кор кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG