Рӯзи 12 январ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария маросими эълони барандагони ҷоизаи "Тӯбӣ тиллоӣ" доир мешавад. Ғолиби ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” аз миёни се нафар - ҳамлагари «Реал»-и Мадрид португалӣ -- Криштиану Роналду, ҳамлагари «Барселона» -- аргентинӣ Лионел Месси ва дарвозабони «Бавария»-и Мюнхен ва мунтахаби Олмон -- Мануэл Нойер интихоб мешавад.
Соли гузашта “Тӯби тиллоӣ” ба Криштиану Роналду, ҳамлагари португалӣ, супурда шуда буд. Пеш аз ӯ Месси чаҳор бор пайиҳам ин ҷоизаро ба даст овард. Ин ҷоиза соли 2010 баъди ба ҳам омехтани «Тӯби тиллоӣ»-и France Football ва «Бозигари соли ФИФА» таъсис ёфтааст.
Ёдовар мешавем, Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, Мануэл Нойерро ва Алишер Тӯйчиев, капитани мунтахаби миллии кишвар, Лионел Мессиро беҳтарин бозигари соли 2014 ном бурдаанд.
Бояд гуфт, барои унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 23 бозигар муддаӣ буданд: Гарет Бэйл (Уэлс), Карим Бензема (Фаронса), Диего Коста (Испания), Тибо Куртуа (Белгия), Анхел Ди Мария (Аргентина), Криштиану Роналду (Португалия), Марио Гетсе (Олмон), Эден Азар (Белгия), Златан Иброҳимович (Шветсия), Андрес Инеста (Испания), Тони Кроос (Олмон), Филипп Лам (Олмон), Хавер Маскерано (Аргентина), Лионел Месси (Аргентина), Томас Мюллер (Олмон), Мануэл Нойер (Олмон), Неймар (Бразилия), Пол Погба (Фаронса), Серхио Рамос (Испания), Арен Роббен (Нидерланд), Хамес Родригес (Колумбия), Бастиан Швайнштайгер (Олмон), Яя Туре (Кот-д'Ивауар).