Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши ҳастаии Эрон ба Осиёи Марказӣ чӣ медиҳад?


Дидори Ҳасани Рӯҳонӣ (чап) ва Нурсултон Назарбоев
Дидори Ҳасани Рӯҳонӣ (чап) ва Нурсултон Назарбоев

Озод шудани Эрон аз таҳримҳои марбут ба барномаи ҳастаии он барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дурнамои боз шудани Роҳи Ҷанубӣ ва густариши ҳамкориҳо бо Теҳронро падид меорад.

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ қариб 25 сол боз давлатҳои мустақиланд ва дар тарҳи эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим барои онҳо ягона роҳи беминнат ба воситаи Эрон аст. Созиши Ғарб ва Эрон эҳтимоли боз шудани ин роҳро ба миён меорад, ки барои Осиёи Марказӣ таъсири азим хоҳад дошт.

Дар як мизи мудаввар, ки Бахши туркмании Радиои Озодӣ баргузор намуд, коршиносон гуфтанд, лағви таҳримҳои зидди Эрон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои бузургеро фароҳам меорад.

Раҳбари Бахши туркмании Радиои Озодӣ Муҳаммад Тоҳир мегӯяд, бо вуҷуди ҷойгиршавии олияш дар чаҳорсӯи роҳҳои тиҷоратӣ Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир гӯё дар муҳосира аст. Роҳҳои ҷанубии тиҷоратӣ ба воситаи Афғонистон амалан баста ва роҳҳои обии Дарёи Хазар ё Баҳри Каспий низ ба иллати норӯшан будани мақоми ҳуқуқии он зиёд истифода намешаванд.

Алекс Ватанка
Алекс Ватанка

Алекс Ватанка, корманди Пажӯҳишгоҳи Ховарии Миёна дар Вашингтон мегӯяд, ин чуин маънӣ дорад, ки барои Осиёи Марказӣ танҳо ду роҳи тиҷоратӣ мавҷуд аст, “яке ба шимол, ба Русия азим ва дигаре ба шарқ, ба ғули дигар – Чин.”

Осиёи Марказӣ мехоҳад, ин “қабзаи геополитикии Русия ва Чинро шиканад”, аммо дар ҳоле ки роҳҳои ҷанубӣ бастаанд, интихобе надорад. Ҳоло, мегӯяд, Ватанка, “аз Остона то Ишқобод ҳама манфиатдоранд, ки Эрон метавонад вобастагии онҳоро ба Русия ва Чин коҳиш диҳад.”

Роҳи тиҷоратӣ ба воситаи Эрон ба самти Ғарб, ба сӯи Аврупо ё ҷануб, Халиҷи Форс вусъати тиҷоратро барои Осиёи Марказӣ тағйир хоҳад дод ва ба ҳамаи панҷ давлати ин минтақа имкон хоҳад дод, дар муомила бо ду ҳамсояи азими худ каме абзори таъсир дошта бошанд.

Бештарин тағйир, ба ақидаи коршиноси мустақили муқими Лондон, Ҳусейни Ориён, дар сиёсати энержӣ пеш хоҳад омад. “Агар таҳримҳо барканор шаванд, Эрон қодир хоҳад буд, сармоягузориҳои хориҷиро ҳазм кунад ва ин ба иқтисоди Эрон рушди воқеӣ хоҳад овард,” – мегӯяд Ориён.

Эрон на танҳо худаш захираҳои бузурги нафту газ дорад, балки кӯтоҳтарин роҳи интиқоли чунин захираҳои Осиёи Марказиро ба Аврупо бе гузаштан аз Русия пешкаш мекунад. Раисиҷумҳури Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар сафари ахираш ба Туркманистон моҳи гузашта пешниҳод кард, ки Эрон метавонад, ба интиқоли гази Озарбойҷон ва Туркманистон ба Аврупо ба воситаи Тукрия оғоз кунад.

Иттиҳоди Аврупо муштоқи гуногун кардани роҳҳои интиқоли газ ва коҳиши пойбандӣ ба гази Русия аст. Тарҳи Долони Ҷанубии ИА дар назар дорад, ки гази Озарбойҷону Туркманистон ва эҳтимолан Қазоқистону Ӯзбакистонро ба Аврупо интиқол диҳад. Гуфтушуниди бунёди лӯлае дар бистари Баҳри Каспий низ идома дорад.

Аммо қаламрави Эрон ин тарҳи аврупоиро осонтар ва арзонтар хоҳад кард. Он ҳам агар таҳримҳо бекор карда шаванд. Ҳамчунин ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон, лӯлаи нав бояд ба шабакаи Туркия бипайвандад ва ин ҳам дар ҳоле ки рақобатҳои Эрону Туркия бештар мешаванд. Мухолифони ин андеша мегӯянд, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар сафараш ба Теҳрон интиқоли гази Эронро низ баррасӣ хоҳад кард.

Таҳлилгари дигар, Муҳаммад Буғротӣ ба он ишора мекунад, ки пешрафти ин тарҳҳо ба вокуниши Русия низ бастагӣ хоҳад дошт, зеро ҳолати нав барои Маскав бохти бузург хоҳад буд. Ҳоло Русия аз гази Осиёи Марказӣ истифода мекунад ва онро ба Чину Аврупо мефурӯшад. Дар он ҳолат на танҳо ин имконияташ маҳдуд хоҳад гашт, балки газе, ки мустақиман ба Аврупо меравад, ба бозори Русия зарба хоҳад зад.

Як масъалаи дигаре, ки Ватанка ва Ориён зикр мекунанд, ин аст, ки бо лағви таҳримҳо ва густариши равобити Эрон бо Осиёи Марказӣ мумкин аст, дар Теҳрон андешаи экспорти инқилоби исломӣ ба минтақа зинда шавад. Ҳаргиз эҳтимоли он намерафт, ки аксарияти шиъаи Эрон ба мусулмонони Осиёи Марказии асосан суннӣ таъсири бузург дошта бошад, аммо бархе аз ҳаракатҳои Теҳрон дар ин минтақа дар оғози солҳои 1990 гумон ва нигарониҳоро ба миён оварда буд.

Ба ақидаи Алекс Ватанка, Эрон, зоиҳран, ҳаққи Русияро ба нуфуз дар Осиёи Марказӣ эътироф мекунад ва биноан, “Агар ба нақши Эрон дар Ироқ, Лубнон, Сурия, Баҳрайн ё Яман нигарем, хоҳем дид, сармоягузорие, ки эрониҳо дар ҷаҳони араб мекунанд бо ончӣ дар Осиёи Марказӣ кардаанд, қиёснашаванда аст”.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Эрон бештар бо Туркманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дорад. Робитаҳои он бо Тоҷикистон як ҳолати хос доштанд, зеро ба забон ва фарҳанги мушатарак такя задаанд. Аммо дар чанд соли охир ин равобит дар ҳолати пешина дармондааст.

Эрон бо Туркманистон ду лӯлаи газ ва бо Қазоқистон як лӯлаи нафт дорад. Роҳи оҳани байни Эрон Туркманистон ва Қазоқистон охири соли гузашта боз шуд. Ширкатҳои эронӣ ҳамчунин дар Тоҷикистон нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва нақби “Истиқлол”-ро бунёд намуданд.

Ин ҳам бояд гуфта шавад, ки бисёре аз мансабдорони аршади ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ замоне узви Ҳизби коммунисти Шӯравӣ буданд ва ҳамоно нисбати ҳукуматҳои динӣ шубҳа мепарваранд. Пас, метавон гуфт, роҳи кишварҳоио ин минтақа ба Аврупо ба воситаи Эрон ба осонӣ боз нахоҳад шуд.

Муаллиф Брюс Панир

XS
SM
MD
LG