Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: Киштиҳои Эрон ба Яман силоҳ мебаранд


Вазири дифои Амрико мегӯяд, нигарон аст, ки киштиҳои эроние, ки ба сӯи обҳои Яман равона шудаанд, аслиҳаи пешрафта барои шӯришиёни ҳусӣ бо худ доранд.

Ба гуфтаи Аш Картер, вазири дифои Амрико, фиристодани киштии ҳавопаймобари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба наздикии обҳои Яман ба раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама имкон медиҳад дар мавқеи зарурӣ гузинае барои тасмимгирӣ дошта бошанд. Вазири дифои Амрико гуфтааст, ӯ дар ҳоли ҳозир омодагии посух додан ба ин мавзӯъро надорад, ки оё нерӯҳои амрикоӣ, дар сурати талоши киштиҳои эронӣ барои вуруд ба обҳои Яман, ба бозрасии яке аз онҳо иқдом хоҳанд кард ё на

Ба гузориши хабаргузории Ассоишиейтед пресс, ӯ дар нахустин изҳори назари умумиаш дар мавриди киштиҳои фиристодашудаи Эрон ба Яман, рӯзи 22 апрел ба хабарнигорон гуфтааст, "мо дар ҳоли ҳозир дар он нуқта нестем, дар ҳоли ҳозир дар нуқтаи талош барои овардани ҳама ҷиноҳҳо сари мизи музокирот ҳастем."

Картер ҳамчунин гуфт, Вашингтон ба Теҳрон фаҳмондааст, ки “ошкоро доман задани оташ ва талоши ҷонибдорӣ аз як ҷониби даргирро Амрико хуш нахоҳад пазируфт”.

Киштии ҳавопаймобари Теодор Рузвелт, ки равонаи обҳои атрофи Яман шудааст, ба ҳашт киштии ҷангии дигари Амрико дар минтақа мепайвандад. Бархе аз онҳо нерӯҳои вижаеро, ки қодир ба вуруд ва бозрасии киштиҳои дигар ҳастанд, дарбар мегиранд.

Ин мавзӯъ пас аз интишори гузоришҳо дар мавриди ҳаркати корвоне аз киштиҳои эронӣ ба сӯи Яман рух додааст. Шӯришиёни ҳусии Яман аз ҳимояти Эрон бархӯрдор ҳастанд, дар ҳоле, ки эътилофе ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи онҳо анҷом медиҳад.

Рӯзи сешанбеи 21 апрел сухангӯи Вазорати дифои Амрико гуфта буд, тамоси мустақиме миёни киштииҳои амрикоии дар ҳоли гаштзанӣ дар минтақа ва 9 киштии эронӣ рух додааст. Раиси ҷумҳури Амрико як рӯз пеш аз изҳороти вазири дифои он кишвар гуфта буд, дар мавриди ирсоли силоҳ ба ҷиноҳҳои даргир дар Яман, ба Эрон ҳушдор дода шудаст. Эрон мегӯяд, дар мавриди Яман "паёми вижае" аз Амрико дарёфт накардааст.

Яман аз муҳимтарин кишварҳои минтақа дар набарди Амрико бо Ал-Қоида дар нимҷазираи арабӣ аст. Ин гурӯҳ дар ҳамла ба маҷаллаи фаронсавии "Шарли Эбдо" муттаҳам дониста мешвад.

XS
SM
MD
LG