Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, барои иштирок дар ҳамоиши натиҷагирӣ аз даҳсолаи "Об барои ҳаёт" субҳи 9 июн вориди Душанбе шуд ва интизор меравад, дар ҷараёни ин сафараш аз кӯли Сарез ҳам боздид кунад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки мулоқоти як ба яки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Милал дар назар аст.
Ин сафари Бан Ки Мун ба Тоҷикистон баъд аз иштирокаш дар ҷаласаи G7 сурат мегирад ва ӯ баъди анҷоми боздидаш дар Тоҷикистон, ба Қазоқистон ва сипас Қирғизистону Узбакистон ва Туркманистон хоҳад рафт. Дар ҳамаи ин кишварҳо мулоқоти Бан Ки Мун бо раисони ин ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти баландпоя низ дар назар дошта шудааст.
Ҳамоиши натиҷагирӣ аз даҳсолаи "Об барои ҳаёт" дар Душанбе рӯзи 9 июн оғоз шуда, баъд аз зӯҳри 10 июн анҷом ме ёбад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар кори ин ҳамоиш намояндагони 99 кишвару созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Муҳаммад Навоз Шариф -- нахуствазири Покистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ -- роҳбари иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, Темир Сариев – нахуствазири Қирғизистон ва Бахтиҷон Сагинтаев -- муовини аввали сарвазири Қазоқистон иштирок мекунанд.
Аммо нуктаи ҷолиб дар ин сафари Бан Ки Мун ба Тоҷикистон боздиди ӯ аз маҳалли кӯли Сарез аст, ки аз рӯи зебоияш "нозанини хуфта" ва аз рӯи хатараш "аждаҳои хуфта" ном мебаранд. Ин кӯл соли 1911 бар асари кӯчиши кӯҳ миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, 17 миллиард метри мукааб об дорад. Ба гунаи мисол, барои пур кардани обанбори Роғун аз ин камтар об зарур аст, ки тибқи ҳисобҳо, онро дар 16 - 17 сол ҷамъ мекунанд.
Ҳафтаи гузашта Юрий Севернард -- роҳбари сохтмони нерӯгоҳи Норак, ва Александр Рябкин - роҳбари сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" бо ирсоли нома ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳамоиши натиҷагарӣ аз даҳсолаи "Об барои ҳаёт" ба мушкили Сарез ҳам таваҷҷӯҳ карда, бунёди нерӯгоҳ дар ин кӯлро ба миён гузорад.
Дар ин нома, ки 1 июни соли ҷорӣ навишта шудааст, таъкид шуда, ки "сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сарез, ки метавон бо истифода аз ҷойи бандкардаи кӯҳпораи Усой ба сифати сарбанди табиӣ амалӣ кард, натанҳо ба таъмини пурраи Кӯҳистони Бадахшон бо барқ, балки ба содироти он ба Чину Афғонистон ва Покистон низ шароит муҳайё мекунад."
Ин дар ҳолест, ки солҳо боз имкони кашидани лӯлаи об аз Сарези Тоҷикистон то Эрон матраҳ аст ва агарчӣ баъзеҳо онро тарҳи фантастикӣ меноманд, аммо Теҳрону Душанбе онро амалишаванда хондаанд. Тарҳи интиқоли об ҳанӯз соли 2007 ҳангоми сафари президенти вақти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон дар мулоқоташ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон матраҳ ва аввалин санад ба имзо расида буд. Он замон аз ҷузъиёти ин ҳамкорӣ ҳарфе дар миён набуд. Аввалин ҷузъиёт охири моҳи майи соли 2012 дар ҷаласаи даҳуми комиссияи байнидавлатии иқтисоду тиҷорати Тоҷикистону Эрон ошкор шуданд. Сухан аз интиқоли оби кӯли Сарези Тоҷикистон ба Хуросони Эрон мерафт.
Он замон Эрон пешниҳод кард, ки Тоҷикистон агар хоҳад дар ивази нафту газ об диҳад, ё онро бо пул фурӯшаду газу нафтро харад. Ҷониби Эрон як лӯлаи об дар масири 600 километр аз Бадахшони Тоҷикистон то Хуросони Эронро бисозад.