Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ "Сафо": Мавҷи нави моро аз Тоҷикистон зада наметавонанд


Шабакаи телевизионии “Сафо” баъди 25 рӯзи масдуд шудани барномаҳояш рӯи мавҷи нав дар моҳвораи Hotbird пайдо шудааст.

Масъулони ТВ “Сафо” мегӯянд, пахши озмоишии барномаҳои ин шабака аз рӯзи 12 сентябр шурӯъ шуда, аз рӯзи 14 сентябр пахши барномаҳои муаллифии ТВ “Сафо” низ ба сурати мунтазам аз сар гирифта шуд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло барномаҳои ТВ “Сафо” дар моҳвораи Hotbird рӯи мавҷи 12 380V (кунҷи вертикал), бо суръати 27 500 қобили дарёфт аст.

Мавҷҳои наву барои ҳамла дастнораси ТВ "Сафо"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим


Темур Варқӣ – сардабири ТВ “Сафо” рӯзи 15 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дирӯзу имрӯз онҳо асосан барномаҳоеро пахш карданд, ки тайи 25 рӯзи масдуд будани пахши барномаҳои ТВ “Сафо” ҷамъ шуда, танҳо барои иддаи маҳдуди корбарон дар шабакаи иҷтимоии Facebook дастрас буд. Сардабири ТВ “Сафо” гуфт, барномаҳои ахбори тоҷикии онҳо ҳар шом соати 21-00 ба вақти Душанбе ва ахбори русӣ соати 22-00 пахш шуда, ба дунбол барномаи таҳлилии худи ӯ бо номи “Личное дело” ва барномаҳои дигар, аз ҷумла барномаи фарҳангии "Ба сӯи нур" ва ғайра, тақдим мешаванд ва дар давоми рӯз ин барномаҳоро такроран пахш хоҳанд кард.

Темур Варқӣ: ТВ "Сафо" дубора ба моҳвора баргашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00
Линки мустақим


Темур Варқӣ
Темур Варқӣ
Аммо алакай шоми ҷумъа, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба муҷарради шурӯъи пахши барномаи ахбори русӣ чанд талоши дигар барои “задан”-и мавҷи онҳо шудааст, вале ин дафъа “зананда”-ҳо тавонистаанд ҳамагӣ чанд сония ба пахши барномаҳои ТВ “Сафо “ халал бирасонанд: “Мо худамон дар студия будем ва дидем, ки дастгоҳи зананда аз Душанбе ба задани барномаҳои мо сар кард. Дастгоҳ нишон дод, ки се дафъа сесониягӣ мавҷи мо гум шуд, вале хайрият, пурра зада натавонистанд ва тамоми барномаи мо ба эфир рафт.”

Темур Варқӣ гуфт, бо дарназардошти таҷрубаи талхи аввала, ки пахши барномаҳои “Сафо” баъди ҳамагӣ12 рӯз, дар таърихи 20 август дигар комилан масдуд шуд, ин бор онҳо дар моҳвора ҳадафмандона мавҷеро интихоб карданд, ки заданаш аз Душанбе ва ҳар гӯшаи дигари Тоҷикистон номумкин бошад: “Мо мавқеъияти моҳвораро дигар кардем. Мавҷи қаблии мо барои ҳамлаҳои Душанбе дастрас буд. Мавҷи нав барои чунин ҳамла дастрас нест. Заданд, албатта, кӯшиш карданд, ки тамоми пакетро, ки дар он ягон 10 барнома пахш мешавад, бисӯзонанд, вале натавонистанд.”

Темур Варқӣ мегӯяд, таҳқиқоти масъулони ширкати гардонандаи моҳвораи Hotbird маълум кардааст, ки мавҷҳои ТВ “Сафо”-ро дар моҳи август маҳз аз қаламрави Тоҷикистон задаанд.


Қаблан дар моҳҳои май ва июн “K+” – як шабакаи дигари телевизиони минтақавӣ, ки ба мухолифини тоҷик минбар дода буд, низ аз зада шудани мавҷҳояш дар моҳвораи Hotbird аз қаламрави Тоҷикистон шикоят карда буд. Ин шабака дар ин шикояташ аз 4 макони мушаххас дар гӯшаҳои мухталифи Душанбе ва водии Вахш ба ҳайси манобеъи задани мавҷи барномаҳояш ном бурда, мегуфт, мавҷҳои “K+” аз қаламрави Тоҷикистон зоҳиран аз 4 пойгоҳ - манораи телевизионӣ ва антеннаҳои дигари Кумитаи радиову телевизион, аз антеннаҳо ва аз қаламрави ширкати «Тоҷиктелерадиоком», аз пойгоҳи антеннаҳои воқеъ дар наздикии шаҳраки Орзуи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ва аз гурӯҳи антеннаҳои мавсум ба «Орбита» зада мешаванд.“K+” дар ниҳоят тоб наоварда, аз эфир комилан ғайб зад ва ба гуфтаи манобеъи огоҳ, дар пайи боздошти ҳомии молии асосиаш – соҳибкори фирории қазоқ Мухтор Аблиёзов - қатъи фаъолият кардааст.

ТВ “Сафо” мегӯяд, мавҷи наваш барои дастгоҳҳои пурқуввати “зананда”, ки бино ба иддаои онҳо, мақомоти Тоҷикистон махсус барои задани амвоҷи расонаҳои мухолиф ва мунтақид аз Чин харида овардаанд, дастнорас мебошад. Як масъули ин телевизион шӯхиомез ба Озодӣ гуфт, “дигар ҳайфи он 23 миллион долларе, ки барои харидани ин дастгоҳ сарф кардаанд.”

Вале мақомоти Кумитаи телевизиону радио ва ширкати “Тоҷиктелерадиком”, ки масъулияти пахши барномаҳои радиову телевизионҳо дар Тоҷикистонро дар назорат дорад, дар ҳарду маврид даст доштани мақомоти Душанбе дар задани амвоҷи “K+” ва ТВ “Сафо”-ро радд карда буданд.

Рӯзи 21 август дар посух ба иддаои масъулини шабакаи ТВ “Сафо” муовини раиси ширкати давлатии "Тоҷиктелерадиоком" оид ба масоили фаннӣ Файзулло Солеҳов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистон имкони техникии мамониат ба пахши мавҷҳои телевизиониро надорад. Ба гуфтаи ӯ, "мо ҳатто дар фикри монеъ шудан ба пахши барномаҳои ин телевизион ҳам нестем ва ин ба мо зарур ҳам нест".

Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи давлатии телевизон ва радиои Тоҷикистон оид ба масоили фаннӣ низ қаблан дар иртибот ба қазияи дастнорас шудани "K+” ба Озодӣ гуфта буд, имкони масдуд кардани каналҳои моҳвораӣ дар кишвари дуввум ва севвум аз нигоҳи фаннӣ вуҷуд надорад ва Тоҷикистон низ тавони фаннии анҷоми чунин кореро надорад.

Шабакаи телевизионии “Сафо” аз 8 август аз студияаш дар Маскав ба пахши барномаҳои худ шурӯъ кард. Аммо аз рӯзи аввал пахши барномаҳояш тавассути моҳвора ба мушкил анҷом меёфт ва аз 20 август комилан масдуд шуд. Масъулони шабака мегӯянд, ки ТВ “Сафо” як шабакаи мустақили телевизионист, ки бо кумаки соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, таъсис ёфтааст.


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ
Бархе манобеъ мегӯянд, ки дар асл дар пушти ин шабака ҳизби наҳзати исломӣ(ҲНИТ) – умдатарин ташаккули мухолифини Тоҷикистон – истодааст, ки баъди чанд соли талошҳои ноком барои таъсиси телевизиони ҳизб бо роҳҳои расмӣ дар худи Тоҷикистон маҷбур шуд, то бо чунин шева ва дар хориҷ аз кишвар амал кунад. Аммо масъулони ТВ “Сафо” ва ҳамин тавр, раҳбарони ҲНИТ ҳар навъ рабт ё тааллуқ доштани ин шабака ба ин ҳизби сиёсиро радд мекунанд.

Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ моҳе пеш дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар посух ба ин суол, ки оё ТВ “Сафо” моли ин ҳизб аст?, гуфта буд, ки ҲНИ тарҷеҳ медиҳад, то телевизионашро дар худи Тоҷикистон ва бо иҷозати расмии мақомоти ин кишвар бисозад: Наҳзат зарурате барои таъсиси шабака дар хориҷ надорад, дар сурате ки ин имконият дар дохил бошад. Мо муроҷиат карда будем, Кумитаи радио ва телевизион ҳуҷҷатҳоро барои такмил кардан пас дод. Таҷҳизоти минималии телевизиони мо омода аст. Рӯзҳои наздик ба Кумита маълумот дар бораи ин таҷҳизот ва мушаххасоти кормандонашро низ пешниҳод мекунем. Аз ҳама муҳим, ба мо то ҳол «не» нагуфтаанд. Ва бовар дорем, ки не намегӯянд, зеро ба нафъи ҳукумат ҳам хаст. Дар бораи «Сафо». Ин телевизион ба мо ҳеҷ рабте надорад. Агар медошт, мо инро намепӯшидем ва чаро пӯшем, чун кори ғайриқонунӣ нест? Аз кай боз таъсиси шабака кори ғайриқонунӣ шудааст, ки онро пинҳон кунем?”
XS
SM
MD
LG