Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиҷобпӯшии марди таиландӣ дар Эрон баҳсбарангез шуд. САДО


Ҳузури сармураббии марди тими Таиланд оид ба кабаддӣ (як навъ бозии маъруф дар Осиё) дар толори мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни занон дар Эрон баҳсбарангез шуд. Ин мусобиқот ҳафтаи гузашта дар шаҳри Гургон сурат гирифт.

Худи сармураббӣ гуфт, ки тими кабаддии Таиланд мураббии зан надошт ва ӯ маҷбур буд, дастаашро дар мусобиқот раҳнамоӣ кунад

Дар аксҳо дида мешавад, ки сармураббии тими кабаддии Таиланд барои ҳимоят аз дастааш бо рӯсарӣ вориди толор шудааст. Дар Эрон вуруди мардон ба толори мусобиқоти занон мамнуъст.

Аксҳо босуръат дар расонаҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Эрон нашр шуда, бо баҳсу интиқоди зиёд рӯбарӯ гардидааст. Федератсиюни кабаддии Эрон чунин рафтори сармураббии Таиландро “амали ношоиста” номид ва онро маҳкум кард. Ин Федератсиюн бо нашри баёнияе аз ҷомеаи варзишии Эрон низ узр хост.

Раиси Федератсиюни кабаддӣ Муҳаммад Ризо ба хабаргузории "Исно" гуфтааст, "як аккос ба он марди таиландӣ рӯсарӣ додааст, то ба дохили толор биравад. Вай баъдан бо истифода аз ин фурсат аз ӯ акс гирифтааст. Ин моҷаро шайтанат буд ва бо ин кор мехостанд, бозиҳоро зери суол бибаранд."

Масъули робитаи умумии Федератсиюн дар суҳбати зинда ё мустақим бо Садо ва Симои Эрон таъкид кард, ки фақат чанд сония ин иттифоқ рух дода, сипас, мураббии мард ба беруни толор бурда шудааст. Аммо Рашидпур, муҷрии барнома гуфт, тасвирҳои мутафовите сабт шуда ва нишон медиҳад, ки ин ҳодиса чанд сония набудааст. Масъули равобити умумӣ посухи мушаххасе ба ин шубҳа надод.

Ин суҳбат аз Радиои Фардо:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Линки мустақим

Аммо худи сармураббӣ Сомпрах Фончу дар як тамос бо бахши Фардои Радиои Озодӣ гуфт, тими кабаддии Таиланд мураббии зан надошт ва ӯ маҷбур буд, дастаашро дар мусобиқот раҳнамоӣ кунад. Ӯ гуфт, дар аввал нагузоштанд, вориди толор бишавад ва баъдан гӯё касе гуфтааст, агар мехоҳад вориди толор бишавад, бояд рӯсарӣ бипӯшад.

Ин сармураббӣ нагуфт, кӣ ӯро ба ин кор ташвиқ кардааст. Дар ҳамин ҳол, Федератсиюни кабаддии Эрон гуфтааст, ки қазияро ҷиддан таҳқиқ мекунад, чун онҳо аз қабл гуфта буданд, ки ҳузури мураббиёни мард дар толори мусобиқот иҷоза нест.

Бозиҳои қарҳамонии Осиё оид ба кабаддӣ аз 22 то 27-уми ноябр дар шаҳри Гургони Эрон баргузор шуд. Мунтахаби Эрон баъди бохт ба Куриёи Ҷанубӣ аз ҳаққи иштирок дар даври ниҳоӣ маҳрум шуд. Дар даври ниҳоӣ тими Ҳиндустон бар Покистон пирӯз омад ва қаҳрамони мусобиқот шуд.

XS
SM
MD
LG