Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё кишоварз дар фасли гармо имтиёзе дорад? САДО


Пизишкон дар ҷануби Тоҷикистон ба сокинони вилояти Хатлон ҳушдор додаанд, ки дар рӯзҳои гармо аз эҳтиёт кор бигиранд ва нагузоранд, ки нурҳои офтоб ба саломатии онҳо асар кунад. Ҳушдори пизишкон ба ҳама аҳолии вилоят, ба хусус деҳқонону кишоварзон тариқи кормандон ва ҳам расонаҳои маҳаллӣ, ироа шудааст.

Кишоварз дар вақти гармӣ чӣ имтиёз доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Линки мустақим

Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл гуфт, ки бино ба пешбинии онҳо, то як ҳафтаи дигар дар кишвар ҳаво аз 35 то 41 дараҷа ва бештар аз он гарм хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки гармии ҳаво дар чанд рӯзи ахир бештар ба кормандони арсаи кишоварзӣ, ки дар саҳро кор мекунанд, осеб мерасонад.

Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, гармои ҳаво муддати чанд рӯзи оянда то аввалҳои моҳи август дар назар аст ва умдатан ҳарорати баланди гармо дар ҷануби Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Саъдулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон низ рӯзи 25-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ таъкид кард, ки ҳушдори онҳо ба сокинони вилоят, ба хусус пиронсол, кӯдакон ва ҳамчунин кишоварзоне ҳаст, ки дар гармоӣ шадиди ҳаво кор мекунанд: "Ин ҳушдор ба кишоварзон ва ба хусус калонсолоне, ки аз бемориҳои қалб ва фишорбаландӣ азият мекашанд, ироа шудаааст”.

Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, гармои ҳаво муддати чанд рӯзи оянда то аввалҳои моҳи август дар назар аст ва умдатан ҳарорати баланди гармо дар ҷануби Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Марям Саъдуллоева, зани 56-сола аз кишоварзони собиқадор дар ҷамоати деҳоти "Гулистон" дар шаҳри Сарбанд аст, ки имрӯз корро аз соати 5 субҳ бо ҳамроҳии ду духтар ва шавҳараш оғоз кардааст.

Ӯ, ки бо ҷамъоварии коҳ ва кишти ҷуворимакка машғул аст, мегӯяд, шоҳиди гармтарин рӯзҳои тобистон шудааст. Бо ин ҳам, ин зан мегӯяд, онҳо маҷбуранд, корашро идома диҳанд: "Аз соли 1985 кори кишоварзӣ мекунам. Кор дар саҳро барои мо баракат дорад. Дар ин рӯзҳои гарми тобистон аз субҳи барвақт дар саҳро ҳастем. Фарзандон, ҳамсояҳо ва хешу табор дар корҳои мо кӯмак мекунад. Ҳаво воқеан гарм аст, аммо мушкил ҳам бошад, бояд кор кунем".

Марям Саъдуллоева мегӯяд, ки дар пайи гармии ҳаво беҳаракатӣ ва хастагиро эсос мекунанд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба мавсимӣ будани кор, бояд онро анҷом диҳанд, то зимистон истироҳат кунанд. Аз сӯи дигар, ба таъкиди ин зан, аробаи зиндагии хонаводааш аз роҳи кишоварзӣ ва кор дар саҳро мечархад. Ин зан беш аз як гектар замини кишоварзӣ дорад ва дар он боғ бунёд карда ва аз он маҳсулоти донагӣ ва полезӣ мегирад. Ӯ ҳамроҳ бо 5 узви хонавода зери офтоби сӯзон ранҷ мебаранд, то ганҷ ба даст оранд.

Сироҷиддин Давлатов, кишоварзи дигаре аз ноҳияи Шаҳритус дар як гектар замин шолӣ кишт кардааст. Вай мегӯяд, бештар сари кор фикр мекунад ва ҳатто ба зарару осеби нурҳои офтоб дар ин гармо аҳамият намедиҳад: "Гарм аст, кам-кам ташна мешавем, вале илоҷ нест, бояд кор кунему зиндагиро пеш барем."

Дар ҳамин ҳол, суол матраҳ ин аст, ки оё кишоварзон дар фасли гармо аз имтиёзе бархӯрдоранд ё хайр? Санавбар Самизода, раиси шаҳри Сарбанд ба посухи ин суол ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳатман кишоварзон дар рӯзҳои ҷашну маъракаҳои муҳим қадр хоҳанд шуд: "Ман дар рӯзҳои гармии ҳаво ба назди кишоварзон рафтам. Аз онҳо дар бораи кор ва маошашон пурсидам. Ба ҳама маълум аст, ки ҳақмуздашон кофӣ нест, вале онҳо ба дили гарм ба кор меояд. Ба чанд хоҷагие, ки мо дорем, дар арафаи иду ҷашнҳо кӯмакҳои иловагӣ мекунем."

Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон низ мегӯяд, ки ҳамасола бо оғози корҳои кишоварзӣ онҳо ба шароити кишоварзон, хусусан дар гармои ҳаво ошно мешаванд.

Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон мегӯяд, ки ҳарчанд дар Кодекси меҳнат фароҳам кардани шароити хубу мусоид барои коргарон, ба хусус дар гармои тобистон зикр шудааст, аммо ин нуқта на ҳама вақт иҷро мешавад: "Дар замони Шӯравӣ дар шароити гармо ба кишоварзон ҷубронпулӣ медоданд, ҳоло ин чиз нест. Иттифоқи касаба ин мушкилро матраҳ кард, вале иҷрои он мушкил аст. Зеро аз он имтиёзҳо дигар қариб, ки намондааст.”

Ба таъкиди Раҳмоналӣ Давлатов, ҳарчанд мардум дар ҳавои гармои кор мекунанд ва шикояте ҳам надоранд, аммо созмони онҳо талош мекунад, то ба ин мушкил расидагӣ кунад.

Дар вилояти Хатлон ҳудуди 7 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъол аст, ки аксарияти онҳо худмаблағгузор ҳастанд ва маҳз ба ҳамин сабаб, наметавонанд аз касе талаби ҷубронӣ гармои ҳаворо кунанд.

Ҳатто яке аз роҳбарони хоҷагии деҳқонии ба номи "Дилсӯз" дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки онҳо ба кормандонашон дар гармои ҳаво ҳеҷ гуна ҳақмузди изофӣ ваъда намекунанд -- аммо агар ҳосил фаровон шавад, ба онҳо аз ҳосили картошкаю пиёз, кӯмак хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG