Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се афсари тоҷикро барои муомилаи бад ҷазо доданд


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси шикояти як нафар, ки аз тариқи телефони боварӣ ба онҳо расидааст, се афсари вазорат ҷазо гирифтанд.

Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки дар торнамои расмии ин ниҳод нашр шудааст, гуфта мешавад, як нафар аз рафтори дағалона ва “ғайриоинномавии” Нуқра Абрагимова, корманди Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғону ҷавонон бо бачаҳо, шикоят кардааст ва баъди таҳқиқ маълум кардаанд, ки шикояти расида ҳақиқат дорад.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, барои рафтори ғайрионномавӣ ва беназоратӣ, се афсари қабулгоҳ-таҳвилгоҳ Нуқра Абрагимова ва Зубайдова Н. Ю ва Сафарова.С.Б ҷазои интизомӣ гирифтанд, вале дар бораи худи ҷазо чизе гуфта нашудааст. Ба ин муассиса умдатан бачаҳои хиёбонӣ меафтанд ва ё ноболиғоне, ки роҳгум задаанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ дар моҳи равон аз тариқи телефони боварӣ ба онҳо 67 арзу шикоят расидааст, ки аксаран дар бораи қонуншиканӣ ва риоят накардани тартиботи ҷамъиятӣ будааст. Дар иттилоияи вазорат, ки дар торнамои он нашр шудааст, гуфта мешавад, ки 38 хабару шикояти воридшударо таҳқиқ карда ва посухи онҳоро додаанд.

Дар ин иттилоия ҳамчунин омадааст, ки баъзеҳо аз тариқи ин телефон (+37 2212121) хабарҳои дурӯғ дода ва боиси зоеъ шудани вақту нерӯи ниҳодҳои марбутаи вазорат шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи феврали соли равон ба хотири тамоси мустақими мардум бо шахси аввали ин ниҳод, телефони боварӣ ташкил карда буд.

Телефони боварии Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе 221-21-21 ба фарқ аз телефонҳои дигари боварии ин вазорат дар он аст, ки арзу шикоятҳои мардум бевосита ба вазири ин ниҳод расонида мешавад.
XS
SM
MD
LG