Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Раҳмон: "Мо касеро акс гирифта ба Тоҷикистон фиристоданӣ нестем"ВИДЕО

Дар шаҳри Женева имрӯз муколамаи ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ идома кард. Дар нишасти 126-уми Кумитаи Ҳуқуқи Башар ҳукумати Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар чанд соли гузашта барои риояти ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании мардум чӣ корҳоеро анҷом додааст.


Чакида

Дар рӯзи аввали нишаст, ки бештар аз ду соат идома кард, аъзои ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Юсуф Раҳмон додситони кулл, гуфтанд, ки дар чаҳор панҷ соли гузашта барномаҳои зиёде барои беҳбуд ёфтани ҳуқуқи инсон қабул ва амалӣ шудаанд ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, “ҳуқуқи каси дигарро зери по кунад.”

Аммо аъзои кумита гуфтанд, ки гузоришҳои зиёде дар бораи беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон табъиз, нобаробарӣ ва беадолативу шиканҷаи маҳбусону мухолифони давлат гирифтаанд ва мехоҳанд, намояндагони Тоҷикистон ин гузоришҳоро шарҳ бидиҳанд.

Инъикоси рӯзи аввал инҷост: https://www.ozodi.org/a/30033249.html

Нишаст соати 10 ба вақти Женева шурӯъ шуд ва ӯ аввал дар бораи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат сӯҳбат кард ва гуфт, ки додгоҳ ҳамаи гуноҳҳои ӯ, аз ҷумла, дуздии пули давлат, таҷовуз ба номус ва тақаллубкорӣ собит кард ва барои ҳамин ба зиндон маҳкум кард. Ӯ гуфт, бо назардошти ҳамин, онҳо дархости Кумитаи ҳуқуқи башар барои беэътибор кардани ҳукми Зайд Саидовро иҷро карда наметавонанд.

Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва тоҷири шинохтаро бо гуноҳҳои сангин ба зиндон маҳкум карданд, ҳарчанд худаш мегӯяд, ки бегуноҳ аст.

Зайд Саидов соли 2013, баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" боздошт шуд. Ӯро ҳангоми бозгашт аз Фаронса рӯзи 19-уми май дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир карданд. Вазири собиқро дар моҳи декабри соли 2013 бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум карданд.

Додситони кулли Тоҷикистон парвандаи Маҳмадалии Ҳайит, узви раёсати Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро ҳам шарҳ дод ва гуфт, ки гуноҳҳои ӯ дар додгоҳ собит шуд ва ӯ қонунӣ ҷазо гирифтааст.

Як гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид, ки парвандаҳои боздоштҳои худсарона дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, моҳи майи соли 2018 хулоса дод, ки боздошти Маҳмадалӣ Ҳайит, як узви раёсати ҳизби наҳзати исломӣ “ғайриқонунӣ аст” ва аз ин рӯ, “ӯ бояд фавран озод карда шавад”.

Додситони кулл парвандаи Бузургмеҳр Ёровро ҳам шарҳ дод ва аз ҷумла гуфт, ки "ӯро на барои назарҳои сиёсӣ", балки барои ҷиноятҳои мушаххас аз ҷумла 19 мавриди тақаллубкорӣ ба зиндон маҳкум карданд. Ӯ гуфт: "Шояд назарҳои сиёсии Ёров дар зиндон пайдо шуда бошад."

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона бар асоси таҳқиқи парвандаи Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ин ҳуқуқшиноси мустақил бояд аз зиндон озод карда шавад. Ин гурӯҳ имсол баъди таҳқиқи парвандаи Ёров гуфт, боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудани ҳуқуқшиноси тоҷик “нақзи қонунҳои байналмилалӣ мебошад”.

Баъди суханронии Юсуф Раҳмон аз ҳайати Тоҷикистон дар бораи ҳаққу ҳуқуқи паноҳандагони хориҷӣ пурсиданд ва гуфтанд, ки даҳҳо паноҳҷӯи афғонро дар ноҳияи Рӯдакӣ санадҳояшонро гирифтаанд. Шулчӣ Фуруя, намояндаи Ҷопон дар кумита доир ба мушкилоти вакилони дифоъ дар Тоҷикистон сӯҳбат кард ва гуфт, ки дар баъзе аз ноҳияҳо аслан вакилони дифоъ вуҷуд надорад. Ӯ ҳамчунин аз ҳайати Тоҷикистон хост, шарҳ бидиҳанд, ки чаро вакилони дифое, ки парвандаҳои ҳассосро мегиранд, гирифтори дарди сар мешаванд.

Баъд аз ин Марсиа Кран, намояндаи Канада гуфт, кумита аз муҳокимаҳои ноодилонаи аъзои мухолифони давлат бисёр нигарон аст. Марсиа Кран дар бораи ҳаққу ҳуқуқи мухолифони давлат пурсид ва ҳам гуфт, аз он нигарон аст, ки онҳо таъқибу азият мешавад.

Василка Санчин аз Словения доир ба мушкилоти озодии баён дар Тоҷикистон сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, ҳукумат чӣ корҳое кардааст, ки барои монеъ шудан ба бастани вебсайтҳои хабарӣ аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук ва Ютуб чӣ корҳое анҷом додааст. Ӯ гуфт, аз он нигаронанд, ки дар Тоҷикистон муколамаи маҳрамонаи мардумро назорат ва ба ҳарими хусусии одамон дахолат мекунанд.

Дар бораи монеъ шудан ба сафари аъзои хонаводаҳои мухолифони давлат ва фаъолони сиёсӣ ҳам дигарбора аз Тоҷикистон пурсиданд.

Фотин Пазартис узви кумита гуфт, додситони Тоҷикистон чунин иддаоҳоро рад мекунад, ҳарчанд чунин мавридҳо буданд. Ӯ қазияи модари Шабнам Худойдодоваро ба ёд овард, ки рӯзи 4 август духтари 10-солааш, модарашро аз ҳавопаймое поин оварда шуданд, ки қарор буд онҳоро аз Тоҷикистон берун барад. Ҳарчанд баъдан ба онҳо иҷоза доданд, ки ба назди Шабнам Худойдодова сафар кунанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки намояндагони ҳайати Тоҷикистон на ба ҳамаи суолҳои онҳо посухҳои қонеъкунанда доданд ва ё аслан посух надоданд.

Ядҳ Бен Ашӯр намояндаи кумита аз Тунис дар бораи озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқод пурсид. Ӯ гуфт, ки низоми Тоҷикистон дунявӣ аст ва динро аз давлат ҷудо эълон кардаанд. Ядҳ Бен Ашӯр пурсид, ҳайати Тоҷикистон шарҳ бидиҳад, ки таъйини имомхатибон аз тарафи давлат, манъи пӯшидани ҳиҷоб чӣ маънӣ дорад.

Ӯ дар бораи ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ пурсид ва бастани Ҳизби наҳзати ислом, ки баъди ин бо иттиҳоми раҳнамоии ошӯб созмони террористӣ эълон шуд. Ҳизб ҳамаи ин иддаоҳоро рад кардааст ва дар ин нишаст раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ҳузур дорад. Ӯ ҳамчунин дар бораи таъқиби аъзои Гурӯҳи 24 пурсид, ки дар Тоҷикистон созмони ифротӣ эълон шудааст. Аъзои созмон мегӯянд, онҳо як созмони сиёсие ҳастанд, ки андешаҳои ифротӣ надоранд ва фақат мухолиф ба сиёсатҳои ҳукумат мебошанд.

Ядҳ Бен Ашӯр, масъалаи нопадид шудани Эҳсон Одинаев, як узви Гурӯҳи 24-ро бардошт, ки хешовандонаш мегӯянд, мумкин аст, ӯро мақомоти амниятии Тоҷикистон рабуда бошанд.

Нишаст баъди танаффус оғоз ёфт ва Зумрад Абдуллозода, намояндаи ҳайат дар бораи ҳаққи паноҳҷӯён посух дод ва гуфт, ки санадҳои наве дар ин замина қабул шуданд. Ва ӯ гуфт, мақомоти Тоҷикистон дар марзҳои кишвар зоҳиран дар марз бо Афғонистон ҷойҳои мушаххасе барои қабули паноҳҷӯён муайян кардаанд.

Дар Тоҷикистон тақрибан 3 ҳазор паноҳҷӯ ва аксаран аз Афғонистон зиндагӣ мекунанд ва онҳо ҳақ надоранд, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ кунанд. Теъдоде аз онҳоро мақомоти Тоҷикистон аз кишвар хориҷ карда ва ба Афғонистон баргардондаанд.

Зумрад Абдуллозода гуфт, ки ба зудӣ дар Тоҷикистон як маркази махсус барои нигаҳдории паноҳҷӯён боз мешавад ва онҳое, ки дар Тоҷикистон паноҳандагӣ мехоҳанд, муваққатан дар ин марказ нигаҳ дошта мешаванд. Намояндаи Тоҷикистон таъриф кард, ки дар кишвар бегонаситезӣ вуҷуд надорад ва мардуми кишвар нисбат ба паноҳҷӯён хуб рафтор мекунанд.

Баъд аз ин Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири адлия дар бораи ҳаққи вакилони дифоъ ва ҳузури аққалиятҳои миллӣ дар ниҳодҳои давлатӣ суҳбат кард. Ӯ гуфт, иддао дар бораи онки имтиҳони забони давлатӣ барои қабул ба кор, монеи вуруди аққалиятҳо ба ниҳодҳои давлатӣ мешавад, дуруст нест.

Шаҳноза Нодирӣ ба суол дар бораи фаъолиятҳои созмонҳои ғайридавлатӣ посух дод ва гуфт, ки шумораи онҳо бештар аз 2000 ададро ташкил медиҳад.Ӯ гуфт, ки иддаоҳо дар бораи онки созмонҳои ғайридавлатӣ пеш аз кӯмаки молӣ гирифтан аз хориҷ бояд иҷоза бигиранд, дуруст нест. Ӯ афзуд, ки соли 2018 созмонҳои ғайриҳукуматӣ бештар аз 50 миллион доллар кӯмак гирифтаанд.

Сухан ба Абдуҷаббор Сатторзода, сардори шӯъбаи ҳуқуқи конститутсионии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дода шуд ва ӯ доир ба истиқлоли додгоҳҳо дар Тоҷикистон сӯҳбат кард. Суханронии ӯ дар посух ба суолҳои аъзои кумита буд, ки гуфтанд, дар Тоҷикистон додгоҳҳо мустақил нестанд.

Ба думболи намояндаи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ доир ба мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, ки дар кишвар соли 2018 бештар аз 1000 мавриди нави сирояти беморӣ сабт шудааст ва танҳо дар 6 моҳи гузашта 600 нафари дигареро сабти ном кардаанд, ки вируси мазкурро доранд. Саида Умарзода афзуд, ки сироят аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ зиёд шудааст, ки асосан дар Русия кор мекунанд.

Муовини вазир афзуд, ки дастрасии ин беморон ба муолиҷа беҳтар шудааст ва сирояти беморӣ дар байни танфурӯшон дар Тоҷикистон бинобар андешидани тадобири лозимӣ назар ба солҳои гузашта кам шудааст.

Баъди ин суханронӣ додситони кулл дар бораи муноқишаи Хоруғ суҳбат кард ва гуфт, ки амалиёт барои боздошти ҷинояткорони хатарнок сурат гирифт. Ӯ гуфт, ки се нафар барои қатли Абдулло Назаров, сардори Раёсати кумитаи амниятӣ миллӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Соли 2012 баъди кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Идораи амнияти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ барои боздошти гумонбарон амалиёти низомӣ анҷом ёфт ва чандин нафар дар ҷараёни он кушта шуданд.

Юсуф Раҳмон дар бораи боздошти аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ суҳбат кард ва дигарбора такрор кард, ки онҳо дар ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода нақш доштанд. Ӯ гуфт, ки дар дафтарҳои ҳизб варақаҳои зиддидавлатӣ пайдо кардаанд. Ҳизби наҳзат ин иддаоро рад карда мегӯяд, ки дар ошӯб ҳеҷ даст надорад ва ҳукумат инро ба ҳайси баҳонае барои канор задани ҳизби мухолиф аз саҳнаи сиёсӣ истифода бурд.

Дар идомаи муколама аз ҳайати Тоҷикистон пурсиданд, ки чанд нафар барои азобу шиканҷаи маҳбусон ва ё боздоштшудагон ҷазо гирифтаанд. Шиканҷа солҳои зиёд аст, ки як масъалаи доғ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Яке аз намояндагони кумита гуфт, маъмурони амниятӣ дар қароргоҳи Созмони Милал гуфтаанд, ки ба онҳо дастур додаанд, имкон надиҳанд, ки аз аъзои мухолифони давлат, ки барои ширкат дар нишаст омадаанд, акс бигиранд. Чун ба гуфтаи ӯ мумкин аст, баъдан барои хешовандони онҳо дар Тоҷикистон мушкил эҷод шавад. Намояндаи кумита аз ҳайати Тоҷикистон хост, замонат бидиҳанд, ки чунин коре баъди бозгашти онҳо сурат намегирад.

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, "ҳеҷ кас касеро акс гирифта ба Тоҷикистон фиристоданӣ нест" ва афзуд: "Ман намедонам, чунин хабарҳоро шумо аз куҷо мегиред."

Юсуф Раҳмон ба Ҷамшед Ёров, вакили дифоъ ва бародари Бузургмеҳр Ёров ишора кард ва гуфт, ки "Мо ӯро боздошт ва сипас авф кардем ва ҳоло ӯ инҷо нишастааст."

Ҷамшед Ёров дар нишасти Созмони Милал ба ҳайси намоянда аз як созмони ҳифзи ҳуқуқ ширкат дорад. Нишаст ба поён расид ва Юсуф Раҳмон ваъда дод, ки ба суолҳои боқимондаи аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башар дар муддати 48 соати оянда ҷавоб медиҳанд.

Ҷавобҳои Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ (Рӯзи 2)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG