Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шаби гузашта дар паёми худ ба муносибати Соли нави милодӣ, ки аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ пахш шуд, мардуми кишварро табрик гуфт ва баргузории нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе, бузургдошти 600-умин солгарди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва таҷлили 20-умин солгарди Қонуни асосиро аз муҳимтарин ҳодисаҳову чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангии кишвар дар соли 2014 номид.
Ҷаноби Раҳмон ҳамзамон дар паёми худ баргузории интихоботи парлумонӣ дар авоили моҳи марти соли ҷориро аз муҳимтарин маъракаҳои сиёсиии кишвар дар соли 2015 хонд ва умедворӣ кард, ки он дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда баргузор мешавад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард, ки кишвар дар соли 2015 шоҳиди баргузории чорабиниҳои арзишманди фарҳангӣ, аз ҷумла бузургдошти 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисори Шодмон хоҳад буд, ки ба таъбири ӯ, "ба тавсеаву густариш пайдо кардани ҳисси ватандориву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки ободкориву созандагии халқамон мусоидат хоҳанд намуд."
Эмомалӣ Раҳмон дар бахше аз паёми худ гуфт, ки кишвар ҳанӯз масъалаву мушкилоти зиёди ҳалталаб дорад, "ки ҳамаи онҳоро худамон, бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлоламон ҳаллу бартараф месозем."
Ӯ дар паёми худ ба ин мушкилот ишорае накард, вале бебарқӣ дар фасли сармо, бекорӣ, фасоди идорӣ ва муҳоҷирати густурда, аз ҷумлаи масоиле ҳастанд, ки Тоҷикистон аз солҳо ба ин тараф бо онҳо рӯбарӯст.
Ба гуфтаи коршиносон, бӯҳрони молӣ ва иқтисодӣ дар Русия, бозгашти бахши зиёди муҳоҷирони тоҷик ба ватан, бурунрафти нерӯҳои НАТО аз Афғонистон эҳтимоли узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Авруосиё ва шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ дар минтақа, аз ҷумлаи масоиле ҳастанд, ки Тоҷикистон дар соли 2015 дар баробари онҳо қарор дорад.