Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд иқтибос аз Бозор Собир


Бозор Собир, шоири тавонои тоҷик, ки дар тасвиру ташбеҳ дар адабиёти муосири тоҷик ҳамто надошт, бо ошкору бепардагӯӣ низ аз дигар адибони тоҷик фарқ мекард. Маҳз ба сабаби ошкоргӯӣ ва интиқодҳояш аз сиёсатмадорону мансабдорони давр ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои муддате зиндонӣ шуд, вале аз бепардагӯӣ даст накашид.

Радиои Озодӣ баъзе аз баёнияҳои баҳсбарангези ӯро гирд овард, ки дигарон аз гуфтанашон метарсанд, ё истиҳола мекунанд.

Дар бораи сиёсат: «Адабиёт зотан моли сиёсист, моли синфист. Ҳатман шоиру нависанда бояд дар сиёсат ворид бошад. Ва шоире, ки ин қудрату қувваи фавқулоддаи сиёсатро нодида мегирад, шоире, ки аз сиёсат канораҷӯӣ мекунад, бешак аблаҳу ҷоҳилу бангист, бесавод аст. Ман худам ҳамеша ҷонибдор ва пайгири сиёсат ҳастам.”

Дар бораи зиёиёни имрӯзи Тоҷикистон: Зиёиёни тоҷик аксаран нимзиёӣ ё шаклан зиёиянд. Як қисмашон интеллигент-ҳоҷӣ, интеллигент-мулло ва масҷидрав мебошанд. Интеллигент меравад намози ҷумъа. Албатта, инҳоро зиёӣ гуфта намешавад, аммо барои мо ҳаминҳо низ ки ҳастанд, бад нест. Хуб аст. ”

Дар бораи Ленину Сталин: “Бисёр афсӯс, ки дар бораи Ленину Сталин ман дар замонаш шеър нагуфтам. Ва агар медонистам, ки Ленину Сталин кистанд ва агар амиқтар мефаҳмидам, тамоми эҷодиётамро ба Ленину Сталин мебахшидам.»

Дар бораи бозгашт ба хатти форсӣ: "Ин хати ниёгон, ки солҳо инҷониб мавриди ҳангома... қарор гирифтааст, дар дебочаи ҳассосу барангезандаи барномаи мушаххаси панисломӣ ва сионистӣ аст. Ғараз, ҷумҳурии исломӣ сохтан аст. Вагарна дар ин дағдаға баҳонаи казоие нест."

Дар бораи тарғиби ватандӯстӣ ва миллатсозӣ: Тоҷикистон ба саноат бисёр мӯҳтоҷ аст. Чунки саноат набошад, истиқлолияту ин ҳангомаҳои миллату ҳангомаи ватаншиносиву ҳангомаҳои бозсозӣ, маънии ҷиддие надорад. Саноат ҷони ҷумҳурист. Ман фикр мекунам, ки ояндаи Тоҷикистон ва ҳама кӯшишҳое, ки хоҳ ҳукуматӣ бошад, хоҳ сиёсӣ, хоҳ давлатӣ, ҳатман бояд сари саноатсозӣ қарор гирад.»

XS
SM
MD
LG