Акмал Раҳматов, халабони тоҷик, ки ҳафтаи гузашта аз боздошт дар Либия озод гардид, ба фаъолияташ дар Имороти Муттаҳидаи Араб идома хоҳад дод.
Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 9 феврал бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “тибқи иттиллои Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай, Акмал Раҳматов аз шаҳри Троблус ба Истанбул омада ва рӯзи 6 феврал ба Дубай сафар кардааст. Ӯ дар он ҷо аз ҷониби масъулони консулгарӣ мавриди истиқбол қарор гирифт.”
Ба гуфтаи ҷаноби Атоӣ, “пас аз муоинаи тиббии маъмулӣ, Акмал Раҳматов, ба маҳалли кораш дар шаҳри Шориқа рафта, дар ширкати халабонӣ ба фаъолияташ идома дода истодааст.” Ӯ афзуд, дар масъалаи раҳоӣ ва ба маҳалли кораш баргаштани Акмал Раҳматов саҳми консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай зиёд будааст.
Акмал Раҳматов дар ширкати "Route Aviation", ки дар аморати Шарҷа (Шориқа)-и Имороти Муттаҳидаи Араб сабти ном шуда, асосан ба
интиқоли бор дар миёни кишварҳои арабӣ машғул аст, фаъолият дошт ва ҳамроҳи ҳамкорони русу украинияш моҳи ноябри соли гузашта дар Либия боздошт шуд.
Ҳавопаймои боркаши “Airbus – 300”, марбут ба "Route Aviation" бо 7 сарнишин, ки аз Дубай ба Либия ҳамчун ёрии башарӣ маводи ғизоӣ ва дорувор оварда буд, рӯзи 13 ноябри соли 2014 дар фурудгоҳи шаҳри Ғадомис, воқеъ дар шимолу ғарби Либия, дар секунҷаи марзии байни Либияву Тунис ва Алҷазоир боздошт шуд. Сабаби боздошти ин ҳайат гӯиё “вуҷуди ғалатҳое дар асноди ёрии башарие будааст, ки онҳо ба Либия бурдаанд.”
Мақомоти Либия 4 узви ҳайати сарнишинони ҳавопаймо – шаҳрвандони Украина С.Предоляк ва А.Каракай, шаҳрванди РусияА.С.Калашников ва шаҳрванди Қирғизистон И.Зиковро ҳанӯз рӯзи 16 декабри соли 2014 озод карданд ва онҳо рӯзи 5 январ тавонистанд тарки ин кишвари арабии шимоли Африқо кунанд.
Раҳоии ин 4 нафар мояи радубадали лафзие байни ниҳодҳои дипломатии Русияву Украина ҳам шуд, ки оё дар озодии инҳо сафорати Украина дар Либия саҳми бештар дошт ё сафорати Русия? Сафорати Украина ҳатто аксеро чоп кард, ки сафири Киев дар Троблус Николай Нагорний рӯзи 16 декабри соли гузашта, билофосила баъди раҳоии халабонҳо бо онҳо гирифтааст.
Абдураҳмон Аюбов, консули Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, нафарони озодшуда дар ин ҳавопаймо кормандони фаннӣ буданд ва мақомоти Либия бо онҳо мушкили чандоне надоштанд. Аммо фармондеҳи ҳавопаймои"Route Aviation" Сергей Буханетс ва халабон Акмал Раҳматовро ҳамчун масъули интиқоли он бор нигоҳ доштаанд.