Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, омилони ҷиноятҳои 20-соли пеш дар Панҷро ёфтанд


Саймурод Худоиев ва Ҳошим Азизов
Саймурод Худоиев ва Ҳошим Азизов

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, баъди 23 сол ду нафареро дастгир карданд, ки аз ҷумла ба қатли муовини собиқи раиси ноҳияи Панҷ муттаҳам мешаванд.

Телевизиони давлатии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май барномаи вазоратро намоиш дод, ки дар он муфаттишон Саймурод Худоиеви 50-сола ва Ҳошим Азизови 43-соларо ба қатли се нафар, як афсари милиса, раиси ҷамоат ва муовини раиси ноҳияи Панҷ муттаҳам мекунанд. Худоиев дар он сол бештар аз 30 сол ва 20 сол доштааст.

Дар гузориши кормандони вазорат гуфта мешавад, ки ин ду нафар “бо ду ҳаммаслакашон, ки дар қайди ҳайт нестанд”, соли 1995 дар замони авҷи ҷанги дохилӣ, Маҳмадраҷаб Рӯзиев, афсари милисаро бо туфангча дар сари хирмани пахта куштаанд ва як сол баъд, Бароталӣ Ҳазратқулов, раиси ҷамоати деҳоти Авангарди ноҳияи Панҷро бо тири автомати Калашников дар ҷойи кораш ба қатл расонидаанд.

Акс аз барномаи вазорати умури дохилӣ
Акс аз барномаи вазорати умури дохилӣ

Ба гуфтаи муфаттишон, қатли Алёқул Бегматов, муовини раиси ноҳияи Панҷ дар соли 2000-ум ва баъди хатми ҷанги дохилӣ кори дасти ин ду нафар будааст. Дар ин гузориши телевизионӣ, гумонбарон гӯё иқрор мекунанд, ки се нафарро онҳо куштаанд.

Назари вакилони дифои гумонбаршудагон дар ин гузориш дида намешавад. Дар гузориш Саймурод Худоиевро, узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ меноманд ва ӯ ҳангоми бозпурсӣ гӯиё иқрор мешавад, ки аз аъзои дигари ҳизб дастур мегирифт, то “кормандони давлат”-ро бикушанд.

Дар барнома кай ва дар куҷо дастгир шудани ин ду нафар ва чӣ гуна маълум кардани даст доштани онҳо дар ҷиноятҳоро нагуфтаанд. Вале дар барномаҳои вазорат, асосан ҷиноятҳоеро инъикос мекунанд, ки муфаттишон онҳоро ба тозагӣ ошкор кардаанд.

Дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, ҳазорон нафар аз ҷумла мардуми зиёди осоишта кушта шудаанд ва омилони қатли теъдоди зиёде аз онҳо маълум нест.

XS
SM
MD
LG