Мақомоти Туркия мегӯянд, теъдоди қурбониёни бомбгузорӣ, дар шаҳри ҷанубшарқии Ғозиёнтеппа, ки зоҳиран маргталабона буд, ба 50 нафар расид. Алӣ Йерликая, раиси шаҳр рӯзи 21-уми август гуфт, “шумораи онҳое, ки дар бомбгузории террористӣ кушта шуданд, имрӯз ба 50 нафар расид.” Пештар гуфта мешуд, ки дар бомбгузории шоми 20-уми август, 30 нафар кушта ва 94 тани дигар захмӣ шудаанд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ки далелҳо нишон медиҳанд, ки эҳтимолан гурӯҳи "Давлати исломӣ" ин ҳамларо анҷом додааст. Муҳаммад Эрдуғон, як узви ҳизби "Адолат ва тараққӣ" ва яке аз намояндагони ин шаҳр дар парлумони Туркия гуфтааст, ки ба "эҳтимоли зиёд" ҳамлаи интиҳорӣ будааст.
Хабаргузории "Дуған"-и Туркия аз қавли Шамил Тайёр, як намояндаи дигари ин шаҳр дар парлумон аз ҳизби ҳокими "Адолат ва тараққӣ" навиштааст, ки тибқи гузоришҳои аввалия, гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар пушти ин таркиш қарор дорад. Ба гуфтаи раиси пулиси шаҳри Ғозиёнтеппа, ин ҳодиса соати тақрибан 11-и шаби шанбе ба якшанбе рух додааст.
Марзҳои ҷанубии Туркия дар ҳамсоягии Сурия ва ҳамчунин минтақаҳои шарқии ин кишвар дар чанд моҳи ахир шоҳиди хушунатҳо, бамбгузориҳо ва даргириҳои хунин будааст.
Шаҳри Ғозиёнтеппа дар наздикии марзи Сурия -- ҳудуди 100 километр дуртар аз шаҳри Ҳалаб, ки ҳоло даргириҳои шадид дар ҷараён аст, қарор дорад. Маҳмуд Туғрал, намояндаи ҳизби мухолифи Демократи халқӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки ҳамла дар "маросими курдҳо" рух додааст. Ин ҳизб ҳамлаи шаби гузаштаро маҳкум кардааст.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" қаблан низ масъулияти ҳамлаҳоеро дар шаҳрҳои курднишини Туркия ба ӯҳда гирифта буд. Марзҳои ҷанубии Туркия дар ҳамсоягии Сурия ва ҳамчунин минтақаҳои шарқии ин кишвар дар чанд моҳи ахир шоҳиди хушунатҳо, бамбгузориҳо ва даргириҳои хунин будааст, ки ҳам Ҳизби коргарони Курдистон ва ҳам гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар онҳо даст доштаанд.
Аз ҷумла ду рӯз пеш аз ин, дар таркишҳо дар минтақаҳои курднишин ҳафт нафар кушта ва беш аз 220 тани дигар захмӣ шуданд. Нахуствазири Туркия Биналӣ Ййилдрим Ҳизби коргарони Курдистони Туркияро масъули он таркишҳо эълон кард.
Дар баробари ҳамлаҳои ахир, Туркия ҳоло саҳнаи рӯёрӯии нерӯҳои амниятӣ бо касоне аст, ки ба ҳимоят аз Фатҳулло Гулен, рӯҳонии мухолифи ҳукумати Туркия, муттаҳам шудаанд. Ҳукумати Эрдуғон тарафдорони Гуленро муттаҳам мекунад, ки дар табаддулоти нофарҷоми 15 июн даст доштанд. Гулен ин иттиҳомро радд кардааст.
Аз гуфтахои шумо бармеояд, ки танхо шумову Холикназаров Х. шахсони бомаърифату донишманданд дар гурухи мухолифон будед. Бояд шумо икрор мекардед кихо хизмати хирсона карданд, кихо хизмати шоиста. Ба фикри ман шахсоне ки барои шумо вазифа додан дар хукумат ношукри набояд кард. Чунки шумо дар бари онхо таи чанд сол нон мехурден ва хам кадаму хамнафаси онхо будед. Боки худованд ёру нигахдоратон бод.
Бардарам устооооо! Фалак ба нокасон диҳад зимоми мурод, Ту аҳли фазлу дониши ҳамин гуноҳат бас. Ман бо шумо мувофиқам агар дар кишвар мехонданд беҳтар буд. Аммо дар кадом донишкада ва ё донишгоҳу мадраса? Агар донишкадаи исломиро дар назардошта бошӣ аз барои Худо якбор аз дарсҳои диние, ки дар онҷо дарс меравад ҷустуҷӯ кунед мебинед, ки донишҷуён ҳеҷ вақт бо ин барномаҳо ба ҳеҷ куҷо намерасанд. агар бо вуҷуди ин ҳам таҳсил намоянд дипломаш ро ягон муассисаи кишвар ба кор қабул намекунанд. Бардаронам на танҳо донишҷёни дар хориҷи кишвар таҳсил кардаро ин ҳукумат ҷабул надорад, балки тамоми толибилмони исломӣ барои ин режим тераристу экстримистанд. Аз нигоҳи инҳо набояд мардуми тоҷик дар ин ришта таҳсил намоянд вассалом.
ронандаи афгону эрони сатхи суханрониву сатхи маънавиаш аз олимхои мо баланд,бовар кунед бо хамин сатхи пасташон нутк рониву сухангуи мекунанд ки диккатчалбкунанда ,аммо олиму шоиру нависандахои моро бинед канда канда базур сухан меронанд дар бораи артистхову тамоман гап надорам як шармандагии миллат дар шакли умум !озоди чоп кун
Чаро шумо дар бораи точикои мукуми бишкек хабар намедихед,мегуянд лату куб доранд ва гуфтаанд хамаи точикхои инчоро ба точикистон бадарга кунед.
Точики бечора дар хама чо бекадр мебошад. Саг кадр дорад точик не