Пайвандҳои дастрасӣ

"Соҳиби хона золим буд". Қиссаи ходимии Гулнора дар Саудӣ.ВИДЕО


Як зани тоҷик баъди баргашт аз Арабистони Саудӣ, аз нақз шудани ҳуқуқҳояш дар он кишвар шикоят кард ва гуфт, бештар аз рафтори ширкате норозӣ ҳаст, ки ӯро барои кор ба Саудӣ фиристода, дигар ба мурдаву зиндааш кордор нашуд. Гулнора Ҳасановаи 37-сола мегӯяд, муддати як сол дар манзили яке аз шаҳрвандони Арабистон ҳамчун ходима кор кард, вале шароити кор ва зиндагиаш тоқатфарсо буд.

Ин зан хатмкардаи Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе мебошад ва соли 2013 баъд аз гирифтани дипломи оператори алоқа, дар як фирмаи доруворӣ ба ҳайси коргузор фаъолият мекард. Бо сабаби хурдсол будани фарзандонаш як муддат хонашин ва ба дӯзандагӣ машғул буд.​

Гулнора мегӯяд, аз шароити тоқатфарсои кораш дар Саудӣ борҳо ба “Имкон 2015” -- ширкате, ки ӯро барои кор ба он кишвар равон карда буд, шикоят кард, аммо масъулон гуфтаанд, барояш коре карда наметавонанд ва бояд ба ин вазъият тоқат кунад.

Пеш аз сафар ба Арабистони Саудӣ , Гулнора се моҳ дар сохторҳои шаҳрдории Душанбе фаъолият кардааст.​

Ин зан зоҳиран ҳоло даъвое надорад ва танҳо мехоҳад қиссаи худро бо дигарон дар миён гузорад, то ба ҳар фард ва ё ширкате эътимод накунанду бо онҳо ба хориҷ нараванд, то барояшон мушкилсоз нашавад.

Гулнора якумин зани тоҷик нест, ки аз поймол шудани ҳуқуқҳояш дар Арабистони Саудӣ шикоят мекунад. Ду моҳ қабл Шамсия Асаналишоева, як шаҳрванди Тоҷикистон низ аз “ғуломӣ” дар Саудӣ озод шуда буд.

“400 доллар барои 15 соати корӣ”

Гулнора Ҳасанова, сокини шаҳри Душанбе ва модари 5 фарзанд, баъди баргашт аз Арабистони Саудӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 22-юми июни соли 2016 бо ширкати “Имкон 2015”, ки дар шаҳри Душанбе дафтари корӣ дошт, қарордоди меҳнатӣ баст ва ин ширкат ӯро барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристод.

Шартномаи Гулнора ба гуфтаи худаш дусола буд, вале ӯ танҳо як сол тавонист ба шароити корӣ дар Арабистон тоқат кунад. Ба Гулнора 1,5 ҳазор риёл, муодили 400 доллари ИМА маош ваъда карданд ва харҷи роҳаш то Саудӣ низ аз ҷониби ширкат пардохт шуд.

Ӯ тариқи ҳавопаймо ба Дубай рафт ва аз онҷо ба гуфтаи худаш ба минтақаи Ал-Ҷофти Арабистон парвоз кард. Соҳибони он хонае, ки Гулнора бояд дар онҷо кор мекард, ӯро дар фурудгоҳ пешвоз гирифтанд ва ба манзилашон бурданд. Гулнора мегӯяд, тибқи шартномаи корӣ, бояд ӯ ба корҳои хона ба соҳибхоназани арабӣ кӯмак мекард.

Аммо мегӯяд, “соати корӣ маълум набуд ва кадом вақте мехостанд, маро кор мефармуданд. Арабҳо соати 10-11 рӯз аз хоб мехестанд ва ман бояд аз соати 9 корро шурӯъ мекардам. Субҳона нахӯрда, аввал кор мекардам. Хӯрок тайёр мекардем, то марди хона намеомад, касе ба таом даст намезад. Ғизо таҳия мекардем, вале ҳақ надоштем бе иҷозати онҳо тановул кунем. Одатан онҳо шабҳо хоб намераванд ва ходима ҳам маҷбур аст хоб наравад, кор кунад. Рӯзе мешуд, ки 15-16 соат ҳам кор мекардам. Ҳарчанд кор вазнин буд, аммо азбаскӣ шартномавӣ буд, илоҷи дигар надоштам, маҷбур кор мекардам.”

Гулнора Ҳасанова ҳини сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ.
Гулнора Ҳасанова ҳини сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ.

Гулнора гуфт, ба ғайр аз корҳои хона, боз дар боғи зайтуни соҳибхона ҳам кор мекард. Муносибати ҳамсари 51-солаи соҳибхона бо ӯ бисёр бад буд. Зеро ин зан аз бадхӯи ва рашк, ба гуфтаи Гулнора, ӯро чашми дидан надошт.

“Ҳар рӯз бо ягон баҳона ҷанг мекофт ва бе асос муноқиша мекард. Ӯ намехост ман дар он хона кор кунам. Аз ман талаб мекард, ки тезтар ба ватанам равам. Аммо шавҳараш ба баргаштани ман розӣ набуд, чун гӯё барои овардани ман маблағи зиёд сарф карда буд. Вақте шавҳараш аз дар берун мешуд, муносибати зани хона бо ман бадтар мешуд. Аммо вақте шавҳараш дар хона бошад, талош мекард бо ман муносибати хуб кунад,”-афзуд ӯ.

“Ҳатто шиносномаамро гирифта буданд”

Гулнора Ҳасанова мегӯяд, баробари ворид шудан ба Арабистони Саудӣ кордиҳандаҳо шиносномаи ӯро гирифтанд. Ба нақли ӯ, дар давоми як соли буду бош дар Саудӣ, боре ҳам танҳо ба берун набаромад. Бояд бандҳои шартномаро иҷро мекард, ки якеаш танҳо берун нарафтан аз хона буд. “Маро аз хона берун баромадан намемонанд, агар ҷое раванд, ҳамроҳашон мерафтам. Бо хоҳиши худам ҳақ надоштам ба берун бароям,”-афзуд ӯ.

Гулнора мегӯяд, аз шароити тоқатфарсои кораш дар Арабистони Саудӣ чандин маротиба ба “Имкон 2015” -- ширкате, ки ӯро барои кор ба ин кишвар равон карда буд, шикоят кард. Аммо масъулони ширкат гуфтаанд, барои Гулнора ҳеҷ коре аз дасташон намеояд ва бояд ба ин вазъият тоқат кунад.

"Ба фирма чанд маротиба шикоят кардам, аввалҳо мегуфтанд, ки тоқат кун. Ман аз онҳо талаб кардам, ки модом маро ба инҷо равон кардед, бояд кам-кам аз аҳволи ман хабар гиред. Шумо ҷавобгар ҳастед барои мо. Дар охир вақте нашуд гуфтанд, ки шартномаи мо то вақте буд, ки шумо аз Тоҷикистон берун рафтед. Вақте берун шудед, мо шартномаро бекор мекунем. Ман гуфтам ин тавр бошад, ба шартномаи шумо нигоҳ намекунам ва ба Тоҷикистон бармегардам. Аммо онҳо гуфтанд, ки не, ту биёӣ харҷи роҳ дар ҳаҷми 1,5 ҳазор долларро пардохт мекунӣ ва боз маблағи чанд моҳе, ки кор кунӣ, пардохт намешавад. ”

Бо ин ҳама Гулнора мегӯяд, шароити кори ӯ аз дигар ходимаҳое, ки аз Ҳабашистон ва дигар давлатҳои африқоӣ меомаданд, беҳтар буд. Зеро ба гуфтаи худаш, ӯ ҳақашро кам-кам талаб мекард, аммо занони ҳабашӣ ба ҳар гуна муносибати бад, сабр мекарданд.

“Ширкатҳои яксола”

Гулнора мегӯяд, ба хотири фарзандонаш як сол тоқат кард, вале баъди он ба ватан баргашт ва дигар намехоҳад ба Арабистон барои кор равад.

Шамсия Асаналишоева, як зани дигар тоҷик низ қаблан аз бархӯрди бади корфармои худ дар Саудӣ, шикоят карда буд.
Шамсия Асаналишоева, як зани дигар тоҷик низ қаблан аз бархӯрди бади корфармои худ дар Саудӣ, шикоят карда буд.

Ширкати “Имкон 2015”, ки Гулнораро барои кор ба Арабистон равон кардааст, ҳоло дигар фаъолият надорад. Дар бораи ин ширкат дар Интернет маълумоти хеле кам мавҷуд аст. Ин ширкат моҳи апрели соли 2016 тариқи сомонаи таблиғотии Тоҷикистон эълон додааст, ки занонро барои кор ба Арабистони Саудӣ мебарад. Гулнора Ҳасанова ҳам мегӯяд, эълони кори ин ширкатро дар газета мутолиа кард ва ба он муроҷиат намуд.

Ин ширкат дар ҳоле ба сафарбар кардани занони тоҷик ба Арабистони Саудӣ машғул будааст, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳеҷ ширкат ҳақ надорад, шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба кишварҳои арабӣ барад. Зеро ба қавли мақомоти тоҷик то ҳол дар ин замин миёни Тоҷикистон ва он кишварҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасидааст.

Ширкати “Имкон 2015” ягона ширкати интиқолдиҳандаи қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ набудааст. Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таҳқиқи фаъолияти ду муассиса, аз ҷумла ширкати "Абдукарим" машғул будаанд, ки тоҷиконро ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ, аз ҷумла кишварҳои арабӣ мефиристанд.

Бадрафториҳои кордеҳони Саудӣ бо коргарон

Пештар низ матбуоти ҷаҳонӣ дар бораи бадрафториҳои кордиҳандаҳои саудӣ бо коргарони хориҷиашон хабарҳо пахш карда буданд. То ҳол маълум нест, ки чи теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занон дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ, кору зиндагӣ мекунанд.

Масъулони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ба далели он, ки интиқоли нерӯи корӣ ба ин кишварҳо ба таври ғайриқонунӣ сурат мегирад, мушаххас кардани теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ, душвор будааст.

Масъалаи фиристодани занҳои ҷавони тоҷик барои кор ба Арабистони Саудӣ дар соли 2008, замони интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар пайдо шуд. Он замон намояндагони рӯҳониёни расмӣ ва аҳзоби сиёсӣ фиристодани занҳо барои кор ба кишварҳои арабиро, ки бисёрзанӣ роиҷ аст, "як кори нанговар", хонда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG